Чанде пеш дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бинои нави маркази саломатӣ мутобиқ ба талаби замон сохта, ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳияи Рашт Саидумрон Абдураҳмонов ширкат варзида, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани бунёди маркази саломатӣ изҳори сипос намуд.
Маркази саломатӣ бо маблағи 98 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд гардида, барои нуҳ нафар духтурони маълумоти олидор ва ҳашт нафар ҳамшираҳои шафқат шароити мусоиди кор фароҳам омад.
Бинои мазкурро сохтмончиёни ҶДММ «Эделвайс», сарвараш Хуршед Сатторов, бо сифати баланд бунёд карданд.
Тавре сардухтури маркази нави саломатӣ Алимаҳмад Солеҳов изҳор дошт, марказ барои 30 ҳазор аҳолии деҳотҳои ба номи Б.Раҳимзода, Тагоба, Оби меҳнат ва шаҳраки Навобод хизмат мерасонад.
Дар сурат: раиси ноҳияи Рашт Саидумрон Абдураҳмонов ҳангоми ифтитоҳи бинои маркази нави саломатӣ.
Суратгир М. РИЗВОНОВ