Ихтиёриён ба хизмат рафтанд

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

РАШТ. ( Мирзосафар РИЗВОНОВ)   Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рашт маросими гусели 24 нафар ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар лаҳзаи тантанавӣ муовини раиси ноҳия Зумрад Лоиқова муҳофизони ватанро шодбош гуфта, дар ҳифзи марзу буми кишвар ба онҳо барору комёбӣ орзу кард. Ҷавонони даъватшуда ба ҳозирин иброз доштанд, ки хизмати Ватан- Модарро софдилона ба ҷо оварда, дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қудус Абдуалимов  ба даъватшудагон муваффақият таманно намуд.