Ҳимматбаландӣ дар Қалъаи Дашт

№39 (3185) 18.04.2014

Дар ноҳияи Файзобод, пас аз оғози фаъолияти  раиси нави ноҳия     Имомназари Каримиён пешрафти корҳои ободонӣ хеле хуб ба чашм мерасад. Аз ҷумла дар деҳоти «Қалъаи Дашт» ободонию бунёдкорӣ ривоҷ ёфтааст. Ҳама ҷо соҳибкорон ва саховатмандон якҷоя бо мардуми деҳаҳо дастҷамъона даст ба корҳои ободонӣ мезананд. Ин иқдомот натиҷаи  мулоқотҳои самимиву судманди раиси ноҳия мебошанд, ки тӯли моҳҳои январ-феврали соли равон дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор шуданд.

 

Чунончӣ,  дар деҳаи Дараи гӯсфандак мардум тасмим гирифтаанд, ки ба маблағи 30000 доллари амрикоӣ чоҳи оби нӯшокӣ канда шавад. Дар деҳаи Очилдӣ бошад, бо кумаки ҳоҷиён Гулов Тағоймурод ва Ҳомидова Садбарг, инчунин маблағи аҳолии деҳа бунгоҳи тиббии деҳа таъмир мешавад. Дар деҳаи  Қалъаи Дашт бо маблағи аҳолии деҳа бунгоҳи тиббӣ сохта хоҳад шуд. Саховатмандони   деҳаи Элок Носирхуҷа Раҳимов ба маблағи 1000 сомонӣ, Лоиқ Аҳмадов 1000 сомонӣ, Суҳбатулло Ҳукматуллоев 500 сомонӣ  якҷоя бо маблағи мардум  ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 барои таъмир кумак намуданд. Оилаи Латиповҳо бошанд, аз ҳамин деҳа, барои хонандагони  лаёқатманд ва аълохони муассисаи номбаршуда ба маблағи 800 сомонӣ  идрорпулӣ таъин намуданд. Сокини ҳамин деҳа Сулаймонов Илҳом барои маркази саломатии деҳаи Элок ду маҷмӯъ мизу курсӣ харида, барои ҷавонони деҳа толори варзишӣ бунёд кард. Ӯ ният дорад, ки китобхона ҳам сохта, ба мардум пешниҳод намояд. Ҳоҷиён Талабшо Ибодов ва Ибодова Ҷумъагул таъмири бунгоҳи тиббии деҳаро ба  маблағи 7 ҳазор сомонӣ дар нақша доранд.

Дар деҳаи Дашти Марзо бошад, ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ кӯпрук, 38 ҳазор сомонӣ ҷойи нишасти  тобистона ва ба маблағи  9 ҳазор сомонӣ роҳҳои дохили деҳаро сангфарш намуданд. Инчунин ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ барои тоза намудани роҳҳои ҳудуди деҳа трактор харидорӣ намуданд. Дар сохтмони чанде аз иншооти ин деҳа саҳми соҳибкор Қурбонов Ҷӯрабек ниҳоят калон мебошад. Сокинони деҳаи мазкур  Бухориев Қудратулло, Темуров Авлиё, Қаландаров Исмоил ҳар кадоме 1000 сомонӣ ҷудо карда,  ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 идрорпулӣ таъсис намуданд.

Ҳамчунин Исмоил Қаландаров барои ҳамдиёрон нонпазхона бунёд карда, тасмим гирифтааст, ки боз як толори варзишӣ барои ҷавонон месозад. Дорухона аз тарафи Мирзораҳим Исмонов ва дорухонаи бойторӣ  аз тарафи Раҳмон Ҷанҷолов  низ дар Дашти Марзо бунёд хоҳад шуд. Чунин иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба чашм мерасанд,   ки ба дили бинанда фараҳу шодӣ бахшида, гувоҳ аз ваҳдату якдилии мардум аст.

Ҳангоми сафари кории худ  Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Дашти Марзо ба  бунёди боғи намунавӣ дар майдони 120 гектар асос гузошта, боиси фараҳмандии хурду калон, пиру барно гардид. Давоми се-чор соли наздик Файзобод ба ноҳияи содиркунандаи  картошка, сабзавот ва меваҳои  босифату хушлаззат ба дигар манотиқи  кишвар ва берун аз он  мубаддал хоҳад гашт.

Ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи мо  ҳамагонро водор сохт, ки ба ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ  ва кабудизоркунӣ диққати бештар дода, ба сохтмону таъмири муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳу кӯпрукҳо,  таъмири хонаҳо, мағозаҳо  ва дигар  муассисаҳои хизматрасон    камар бандем, бо меҳнати ҳалолу суботкорона дар рушди диёру кишвар саҳмгузор бошем.

Мавлудаи  ҲАСАН, ноҳияи Файзобод