Ҳаждаҳуми августи соли 2013 дар ҳавзаи интихоботии Шарора №6 ноҳияи Ҳисор интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ивази вакили хориҷшуда баргузор гардид.
Аз 4038 нафар интихобкунандагон 2839 нафарашон ба участкаи овоздиҳӣ ҳозир шуданд. Интихобкунандагон он рӯз ба ҷонибдории номзади арзанда Бабаяров Манучеҳр Ҳамроқулович овоз доданд.
Тавре масъулини ҳавзаи интихоботии Шарора №6 иттилоъ доданд, дар участкаи интихоботӣ раъйдиҳӣ муташаккилона ва дар фазои озоду демократӣ гузашт.
Ҳамчунин масъулини участкаи интихоботии шаҳрак барои муайян намудани мавқеи интихобкунандагоне, ки имкони омадан ба участкаи интихоботӣ надоштанд, бо қуттии сайёр ба манзили онҳо рафта, мавқеашонро тариқи овоздиҳӣ муайян карданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»