Бидуни муболиға метавон гуфт, ки мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷиҳатҳои мусбии хеле зиёд дошта, он пеш аз ҳама, ба коҳиш ёфтани хароҷоти Буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории муназзаму устувори роҳ ва дар маҷмӯъ тамдид намудани муҳлати истифодаи он кумаки амалӣ расонидааст. Зарурати амалӣ намудани иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, ба хотири нигоҳ доштани сифати роҳ ва роҳ надодан ба вайроншавии он аст, зеро дар баробари харҷ гаштани маблағҳои зиёд барои бунёди роҳ, ҳамзамон барои нигоҳ доштани он низ маблағи зиёд лозим мебошад. Ҳамватанони мо бояд дарк намоянд, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чанок мавриди амал қарор диҳад.Биноан, дар асоси Шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардида буд.
Шояд қисми зиёди ҳамватанони мо иттилоъ надошта бошанд, ки ин шоҳроҳ ба гурӯҳи роҳҳои дараҷаи сеюм дохил мешавад.Сониян, нигоҳдории ин роҳ дар муқоиса бо роҳҳои дигар хароҷоти зиёдро талаб менамояд, зеро аз минтақаҳои кӯҳистон мегузарад.Гуфтан бамаврид аст, ки ҳамрадиф бо боришоти зиёд ва тармафароӣ шоҳроҳи мазкур аз лағжиши кӯҳпораҳо низ осебпазир аст. Тибқи иттилои аз намояндагии ширкат дар минтақаи Зарафшон дастрасшуда, ба наздикӣ дар километри 139-000 лағжиши кӯҳпора ба амал омад, ки аз рӯйи ҳаҷм ва масоҳати лағжиш хеле бузург буд. Маҳз азми қавӣ, масъулиятшиносӣ ва техникаи пуриқтидори ширкат боис гардид, ки дар муддати кӯтоҳ кӯҳпораҳои лағжида бартараф ва ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт таъмин гардад. Ронандагон ва мусофироне, ки шоҳиди ҳол буданд, ба кормандони ширкат барои масъулиятшиносӣ ва чораандешиҳои бетаъхир арзи сипос намуданд. Омили мазкур бори дигар собит намуд, ки сарфи назар аз зуҳуроти гуногуни табиӣ, фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе – Чанок дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст.
Далер Мерганов, «Садои мардум»