Ҳисор намунаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аст

№38 (3184) 17.04.2014

Хисор

Бале, Тоҷикистон кишвари таърихист ва ҳазорон бозёфтҳои қадима  аз фарҳангу  тамаддуни  волои халқи тоҷик  шаҳодат медиҳанд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба шаҳрҳои  қадима,арзишҳои волои  таърихӣ бештар гардид.

Ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон ба сифати макони таърихӣ  ин гуфтаро собит месозад. Омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои  бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки дар водии Ҳисор одамон  ҳанӯз  аз давраи санг, тахминан  40-50 ҳазор сол пеш, сукунат доштаанд. Тамаддуни ин сарзамин бо номи маданияти Ҳисор маъруф  буда, ба  таҳқиқи он донишманди шӯравӣ  А.П.Окладников ҳанӯз соли 1948 оғоз бахшидааст.Олимону ҳафриётшиносон  дар кӯҳҳои Бӯлиён, Тутқавул ва Сайёд ёдгориҳои  маданияти Ҳисорро дарёфт кардаанд. Нишонаҳои он  дар соҳилҳои  дарёи  Ёхсу, Қизилсу, Вахш, Кофарниҳон ва заминҳои  байни дарёҳо паҳн гардидааст. Сокинони қадимаи  Ҳисор бо шикор ва зироаткорӣ  машғул будаанд.

Дар ин хусус кулли муҳаққи-қони ин шаҳри қадимаи тоҷикон дар пажӯҳишҳои хеш ишораҳо намудаанд. Ҳуҷумҳои зиёди аҷнабиён шукуфоии шаҳрҳои қадимаи тоҷикон, аз ҷумла Ҳисорро боз медошт. Бо вуҷуди ин, мардум умеди хешро аз даст намедод ва коху ёдгориҳои зебо аз худ боқӣ мегузошт.

«Ифтихори  ватандорӣ аз донистани таърих,забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад…»

Эмомалӣ Раҳмон

(Аз пешгуфтори китоби «Таърихи ҷамоати Ҳисор». Душанбе, 2010)

Тибқи нишондоди таърих,  Ҳисори бостонӣ дар гузаштаи дур зери итоати давлатҳои гуногун қарор доштааст. Дар нимаи дуюми  асри XV ва аввали асри  XVI дар Ҳисори Шодмон пайвандони шоҳзодаҳои  темурӣ  ҳукмронӣ мекардаанд. Тадриҷан он рушд ёфта, ба яке аз шаҳрҳои калону мустақили Мовароуннаҳр  табдил меёбад. Ин  давраҳо дар маданияти  Ҳисор тағйироти куллӣ ба амал омада, деҳқонӣ,чорводорӣ,санъатҳои меъморӣ,ҳунармандӣ,тангасозӣ, кулолгарӣ,бофандагӣ,шаҳрсозӣ ва  савдову тиҷорат вусъат пайдо  мекунанд. Дар аввали асри XVIII, баъди шикасти давлати Шайбониён, Муҳаммадраҳимбеки  манғит соли 1758 Ҳисорро забт мекунад. Баъд аз вафоти Муҳаммадраҳимбек Ҳисор боз аз нав  мустақилияти хешро ба даст оварда, Шеробод, Тирмиз, Қӯрғонтеппа ва чанд мавзеи дигарро ба итоати худ  медарорад. Баъди ҳуҷуми амири Бухоро — Музаффар қаламрави Ҳисор истиқлолияташро аз даст дода, то соли 1921  дар тобеияти амирони манғитияи Бухоро  мондааст. Қобили ёдоварист, ки сайёҳи  машҳури Хитой Сюан Сзян дар «Сафарнома»-и хеш ин мавзеъро «Су-ман» арзёбӣ намудааст, ки ба забони мардуми таҳҷойӣ Шумон ном бурда мешудааст. Дар китоби «Ҳудуд-ул-олам» (соли 983-и мелодӣ) оварда шудааст, ки «Шумон шаҳрест устувор ва барокӯҳӣ  ниҳода ва гирди ӯ борае  кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи об аст,аз вай заъфарон хезад бузург». Аз ин навиштаҷот ва навиштаҷоти дар китоби «Авесто» овардашуда бармеояд,ки шаҳри Ҳисор 3000 сол пештар ҳамчун давлати алоҳида ва шаҳри номдор арзи вуҷуд карда буд. Қаламрави   шоҳигарии  Шумон  масоҳати хеле калонро дар бар мегирифт.Масоҳати он аз Ғарб то Шарқ ба масофаи 4-рӯза роҳ тӯл мекашидааст.

Бори нахуст Ҳисор ҳамчун Ҳисори Шодмон  дар асари  таърихии  муаррихи  дарбори  сулолаи темуриҳо Шарафиддини Алии Яздӣ — «Зафарнома» зикр шудааст. Соли  1409  Ҳисорро писари хурдии амир Муҳаммад- Ҷаҳонгир забт карда, то соли 1433 ҳукмронӣ  мекунад. Яке  аз сарчашмаҳои нодир асари Муҳаммадсодиқи  Қараулбегӣ (бо тахаллуси Гулшани Бухороӣ машҳур аст) «Таърихи  Ҳумоюн» мебошад. Дар асари мазкур яке аз бобҳо ба бекигарии  Ҳисор  бахшида шудааст. Ин муаррих се маротиба  ба мулки Ҳисор омада, бо тарзи зисту зиндагӣ, урфу одати мардум ошно шуда, оид ба сераҳолӣ будани Ҳисор маълумоти возеҳ додааст. Ба иттилои ӯ, дар он замон мулки Ҳисор дорои 377 ҳазор хонавода будааст.

Имрӯз дар Ҳисор мардумони гуногунмиллату гуногунзабон истиқомат доранд .Ба ин мавзеъ ҳангоми истилои арабҳо  аз тарафи шимолу шарқӣ ва шимолу ҷанубии Самарқанд низ мардуми зиёде  ҳиҷрат  карда будаанд. Онҳо аз тамоми сарзамин ба ин ҷо  омада, дар ободонӣ ва бунёди гузару маҳаллаҳо , биноҳо ва дигар иншооти муҳими пешина саҳми шоиста гирифтаанд.

Имрӯз моро зарур аст, ки осори дасти ниёгони худро ҳифз намуда, онро ба ояндагон мерос гузорем. Ҳамаи ин тадбирҳо тавассути ғамхорӣ ва пуштибонии Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва дар партави  соҳибистиқлолии кишварамон амалӣ хоҳанд гардид.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»