Хоҷагии деҳқонии «Давлат Таур»-и ноҳияи Тоҷикобод дорои 260 гектар замини корам мебошад. Дар он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишт мешавад. Истифодаи самараноки замин имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли маҳсулот сол то сол зиёд гардад.
Масоҳати боғи хоҷагии деҳқонӣ 28 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он дарахтони гуногуни мева парвариш меёбанд. Тавре роҳбари он Мусаллам Қурбонов зимни суҳбат гуфт, ду- се сол пеш ба таври озмоиш байни дарахтон сабзӣ кишт намуданд. Таҷриба нишон дод, ки дар шароити кӯҳистон аз сабзӣ ҳосили фаровон гирифта мешавад. Ҳол он ки солҳои қаблӣ гумон доштанд, ки дар ин минтақа сабзӣ ҳосил намедиҳад. Ин зироат хоси иқлими муътадили кӯҳистон аст. Танҳо парвариши онро мутобиқи талаботи агротехникӣ ба роҳ мондан лозим аст. Аз як гектар кишоварзони хоҷагӣ 80-90 тонна сабзӣ мегиранд.
Ба бунёди боғҳои нав низ аҳамияти бештар дода мешавад. Батадриҷ дарахтони куҳнаи аз ҳосил мондаро бо ниҳолҳои навъҳои серҳосил иваз менамоянд. Саҳмдорон аз истеҳсоли мева ҳар сол даромади зиёд мегиранд.
Имсол ҳосилнокии ҳар гектар картошка ба зиёда аз 350 сентнерӣ ва ғалла ба 40 сентнерӣ расонида шуд. Хоҷагӣ соли дуюм аст, ки бе қарз фаъолият дорад. Мустақил ва бо даромади зиёди пулӣ пеш бурдани кор имкони бештар медиҳад, ки музди меҳнати саҳмдорон, ки бештар аз 460 нафарро ташкил медиҳанд, зиёд ва зиндагии онҳо беҳтар гардад. Инчунин хоҷагӣ ба маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон кӯмак мерасонад.
Дар хоҷагӣ истеҳсоли мева сол то сол зиёд мешавад. Инро ба назар гирифта, хоҷагии деҳқонии «Давлат Таур» сохтани сехи коркарди меваро ба нақша гирифтааст. Он бо кӯмак ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта мешавад. Баробари коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷойҳои нави корӣ ташкил меёбанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Дар сурат: сардори хоҷагии деҳқонии «Давлат Таур» Мусаллам Қурбонов (аз рост) бо саҳмдорон суҳбат дорад.
Суратгир М.РИЗВОНОВ