Истироҳат дар «Обигарм»

№72-73 (3057-3058) 14.06.2013

РОҒУН. (Ҳокими САФАР)  Дар рӯзҳои гарми тобистон теъдоди истироҳаткунандагон дар осоишгоҳи «Обигарм» зиёд шуд. Ба осоишгоҳ сайёҳону истироҳаткунандагон аз тамоми манотиқи кишвар, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Федератсияи Россия омада, истироҳат ва  табобат мекунанд. Дар ин ҷо бемориҳои диққи нафас, камхунӣ, каммадорӣ, рӯдаю гурда ва системаи асаб табобат мешавад. Алҳол дар осоишгоҳ зиёда аз 160 нафар табобату истироҳат доранд.