ФАЙЗОБОД. (Маҷид Ҳомидов) Бо фарорасии рӯзҳои мусоид дар ноҳияи Файзобод киштукори баҳорӣ вусъат ёфт. Аввалин шуда механизаторони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Бӯстон» ва «Меҳробод» ба кишти ғалла сар карда, давоми се рӯз 100 гектар ҷаву гандуми баҳорӣ коштанд. Дар ноҳия тибқи нақша ин баҳор дар майдони 2488 гектар, аз ҷумла дар майдони 550 гектар картошка, 22 гектар ҷуворимакка, 218 гектар сабзавот ва 160 гектар нахӯд кошта мешавад.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон