«Корвони Ваҳдат» дар Рашт

№75-76 (3060-3061) 21.06.2013

Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишварамон як силсила чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ доир мешаванд. Дар робита ба ин санаи фархунда санъаткорони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи  А.Муҳаммадҷонов барномаи  консертиро таҳти унвони «Корвони Ваҳдат» мураттаб намуда, ба навоҳии водии Рашт ба сафари  ҳунарӣ баромаданд.

-Барномаи таҳиянамудаи аҳли эҷоди театр аз суруду таронаҳо бахшида ба Ваҳдат, Ватан ва сулҳу дӯстӣ, инчунин ҳаҷву мазҳака иборат аст. Мо сафарамонро аз ноҳияи  Тавилдара оғоз  намуда, дар тамоми ноҳияҳои водии Рашт –Тоҷикобод, Нуробод, Ҷиргатол, инчунин шаҳри Роғуну ноҳияи  Файзобод ҳунарнамойӣ кардем, — гуфт зимни суҳбат ба мухбирамон роҳбари театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон  Аловуддин Абдуллоев.

Ба тамошобинон махсусан баромади санъаткорони  шинохта  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Ҳоҷибоева, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбов, Маҳмадалӣ Шарифов ва ҳаҷвнигори маъруф Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев хеле хуш омад.

Т.ФАРРУХПАЙ, «Садои мардум»