Инсон тӯли зиндагии худ бояд шуғле дошта бошаду ақли худодод, дасту бозуи хешро истифода карда, рӯзгорашро пеш бубарад. Дар дунё касбу ҳунар хеле зиёд аст ва дар ҷараёни зиндагӣ вобаста ба тарбия, муҳити зист, шароити маҳал яке аз онҳоро интихоб менамойӣ. Табиист, ки аксар одамони андешаманду соҳибақл кӯшиш менамоянд аз пайи шуғле бошанд, ки тавассути он ризқу рӯзии ҳалол ба даст оранд. Ба ин дар ҳама касбукор муваффақ шудан мумкин аст, агар дасту дил пок ва ният нек бошад.
Акаи Аслам солҳои тӯлонист, ки бо замин сарукор дорад, меҳнатқарин аст. Давоми 70 соли ҳаёташ дар меҳнати пурбаракат обутоб ёфтааст ва имрӯз хушҳол аст, ки Парвардигор ба ӯ ҳамин гуна заҳматпешагию дӯстдории заминро насиб гардонидааст. Замоне ки ҷавони 20 — сола буду мактаби миёна ва Техникуми омори шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат)-ро хатм намуд, фаъолияти меҳнатиашро дар колхози Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба ҳайси ҳисобчӣ шурӯъ кард. Ҷавони босаводу ҳушёр буд ва таҳсилро дар бахши иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) идома дода, соли 1970 онро бомуваффақият хатм намуд. Баъди тахассуси олӣ гирифтан Аслам дар хоҷагии зикршуда то ба вазифаи сармуҳосиб ифои вазифа карду соли 1989 кооперативи истеҳсолии «Далер»-ро ташкил намуд. Соли 1994 онро ба хоҷагии деҳқонӣ табдил дод ва ҳамроҳи аҳли оилаю наздиконаш ба меҳнати пурсамар шурӯъ кард.
Хоҷагии деҳқонии «Далер» аз даҳ гектар замин иборат аст ва дар он ғалла, сабзавоту дигар зироат парвариш меёбад. Ду гектари онро соҳибаш ба боғи сарсабзу хуррам табдил додааст ва ҳар сол аз ин боғот ҳосили фаровони себу ангур, хурмо ва анор мегирад. Инчунин фермаи чорвопарварие дорад, ки дар он 12 сар чорвои калон ва 20 сар моли майда парвариш меёбад. Хушбахтии акаи Аслам боз дар он аст, ки Худованд ба ӯ ҳамсари меҳрубону фарзандони хуб ато фармудааст. Писаронаш Парвиз, Азиз, Далер, духтараш Гуландом таълимгоҳҳои олиро хатм карда, имрӯз дар паҳлуйи падар қарор доранд. Акаи Аслам ба камоли пирӣ расидааст ва фарзандонаш асои дасти ӯянд. Худ низ то ҳол бекор наменишинад, пайваста ба деҳқонӣ ва боғдорӣ машғул аст.
Гоҳ-гоҳ ҳангоми фориғ аз кор ва ё барои тахт кардани ин ё он ҳуҷҷат акаи Аслам ба пойтахт меояд ва ҳамзамон дар кӯчаҳои зебою рӯз ба рӯз обод гаштаистодаи Душанбеи азиз сайругашт карда, рӯҳаш болидатар мегардад. Вай дар идораҳои гуногун, аз ҷумла рӯзномаю маҷаллаҳо, дӯстони зиёд дорад, зеро ҳамзамон дӯстдори адабиёт ва худ низ аҳли эҷод аст. Ин дафъа, вақте ба идораи мо омада, ба ҳуҷра ворид гашт, аз ҳарвақта дида хушҳолу бардам буд. Баъд аз салому алейк ин ҳолати худро чунин шарҳ дод:
-Истиқлолияти Тоҷикистони азиз 22 — сола шуд ва ин ба ҷавоне монанд аст, ки ба камол расида, соҳиби дасту бозуи қавӣ ва таффакури расида шуд. Мо дигар муҳтоҷи дигарон нестем, замин дорем, об дорем, офтоб дорем, халқи бунёдкору меҳнатқарин дорем. Шукри Худованд барои тоҷик ҳама чизро муҳайё кардааст ва ба мо сарвари нуктасанҷу дурбин додааст. Дастуру паёмҳои ин марди наку халқи тоҷикро рӯз аз рӯз, қадам ба қадам пеш мебарад. Интихоби навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро хеле хушҳолу рӯҳбаланд гардонид.
Ҳар гоҳе вориди шаҳри азизи Душанбе шавам, аввало пойи пиёда боғи ботаникӣ, гулгаштҳои боғи устод Рӯдакиву дигар хиёбонҳои маркази тоҷикони оламро сайр карда, бо як ҷаҳон фараҳ худ ба худ мегӯям, ки бузургони мо дар васфи ҳамин шаҳр гуфтанд:
Агар Фирдавс дар рӯйи замин аст,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
Боз роҳравон фикр мекунам, ки мо ҳар як фарди ҷомеа масъулу вазифадорем, ки ин зебойӣ, дастовардҳои истиқлол, сиёсати сулҳҷӯёна ва тинҷию амониро аз Худованд шукргузорӣ карда, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Сипас, суҳбати мо доир ба соҳибони ояндаи ин диёри файзхез, яъне ҷавонону наврасон ҷараён гирифт. Акаи Аслам каме таваққуф карда, гуфт:
-Дар ҳақиқат ҷумҳурии мо ҷавон аст ва ояндаи мо — ҷавонон мебошанд. Роҳравон бо писарону ҷавондухтарони зиёде, ки донишҷӯ ва ё дар ин ё он ҷой кор мекунанд, рӯ ба рӯ мешавам, фараҳманд мегардам ва ба қавли Гулрухсор:
Ҳамчу пире, ки ёди рӯзҳои ҷавонӣ мекунад,
Дар зимистон ёди рӯзҳои баҳорӣ мекунам.
Ҳангоми сайругашт бо ҷавонон ҳамсуҳбат мешавам. Аз ҷумла ҷавонеро наздам даъват кардаву пурсидам, ки оё ӯ донишҷӯй аст ва дар куҷо мехонад?
-Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мехонам, дар бахши агрономӣ, бобоҷон,- гуфт он ҷавон.
-Туро чӣ водор кард, ки ба кишоварзӣ дил бандӣ?
-Бобоҷон, ҷумҳурии мо аграрӣ буда, ба касби мо ниёз дорад. Падару модари ман дар ноҳияи Рашт боғпарваранд. Ман ҳам баъди хатми донишгоҳ ҳатман ба назди волидонам баргашта, илми гирифтаамро ба амалия мубаддал мекунам. Дар он ҷо ҳоло заминҳои аз худ накарда бисёр аст. Ба ростӣ, аз суҳбат бо ин ҷавон ва меҳру ихлосаш ба боғдорӣ ва меҳнати ҳалол хушҳол шудам ва ӯро дуои хайр додам.
Аммо… Ин лаҳза симои акаи Аслам каме дигар шуд ва бо таассуф ба шарҳи дидаҳояш идома дод. Аммо, баъдан бо як гурӯҳ ҷавононе дучор омадам, ки пеш аз ҳама сарулибос ва рафторашон маро нороҳат кард. Баъзеашон дар тан либоси таҳпӯш ва бархи дигар шортику майка ва ду-се духтари дигаре, ки ҳамроҳи онҳо буд, қариб урён буданду лафзи тоҷикию русиро якҷоя карда, ба ҳам сухан мегуфтанд. Баъзан ин ё он ашёи дучоромадаро бо пояшон зада ё зарфҳои нӯшокиҳояшонро ба фаввора мепартофтанд. Ҳисси кунҷковиам афзуда, назди онҳо рафтам. Онҳо бо ҳайрат ба ман нигаристанд. Яке аз онҳо: Ҳа, бобоҷон ба мо кор доред?- гӯён хитоб кард.
-Не-ю, лекин шумо ҳам донишҷӯй ва аз ҳамин шаҳред?- гуфта ба онҳо суол додам.
Яке аз онҳо бо истеҳзо ҷавоб дод:
-Не, бобоҷон, мо ҳама қишлоқием, аз ноҳияҳои дур омадем, ки ягон кор пайдо кунем.
-Оё дар қишлоқ ё ноҳияи шумо кор нест?
- Э, бобо, ба ғайр аз кори замин дигар дар он ҷо чӣ кор ҳаст, мон ҳамон мӯйсафедон каланд задан гиранд. Онҳо ошиқи заминанд ва бе гуфти мо ҳам боғу роғ бунёд карда истодаанд. Бобо, ба замин не, ана ба инҳо, духтарони нимурёнро нишон дода, ошиқ шудан даркор гуфт. Дидам, ба қавле биринҷ обро намебардорад. Як рубоие, ки чанд сол пеш иншо карда будам, ба ёдам расид:
Он умри азиз, ки бе самар мегузарад,
Холӣ зи савобу бехабар мегузарад.
Аз боқии умри худ ғофил манишин,
Чун боди сабои даргузар мегузарад.
-Барои тарбияи ҷавонон чӣ андеша доред?- мепурсам аз акаи Аслам.
-Роҳҳои тарбия хеле зиёд аст, ки оғози он аз оила сар мешавад. Агар падару модар бомаърифат бошанд, заҳматкаш бошанд, фарзанди онҳо низ чунин мешавад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ҳалолкорию ҳалолхӯрӣ беҳтарин тарбия аст. Ҳоло бубинед, баъзеҳо меҳнати деҳқониро ор медонанд. Кишвари мо, ки оби фаровон, табиати пурфайз дорад, рушди кишоварзӣ мулки моро боз ҳам шуҳратёр мегардонад. Бубинед, ин қадар меваҷоте, ки аз замини офтобии Тоҷикистон рӯида мешаваду коми мардуми мо ва ҷаҳониёнро ширин мекунад, маҳсули меҳнати деҳқон аст. Дуруст аст, ки баъзан мутахассисони ҷавони соҳаи кишоварзӣ ҳам кори табъи дил пайдо намекунанд. Баъзе заминдорон аз дониши онҳо истифода намебаранд. Дар натиҷаи илми заминро надонистан дар як қитъа 15- 20 сол як хел зироатро, асосан гандум, кошта истодаанд, киштгардон нест, ҳосилнокӣ паст гардидааст. Баъзе хатмкунандагон кори саҳро мушкил, маошаш кам, рӯзи дароз зери офтоби сӯзон ва барфу борон гуфта, аз ин кор даст мекашанд. Чаро ин тавр аст? Магар дар донишгоҳ хуб таълим надодаанд ё худи донишҷӯ майли хондану заҳмат кашидан надорад? Албатта, ин мушкилот таҳлили алоҳидаро талаб мекунад.
Акаи Аслам, ки табъи шоирӣ ҳам дорад, аз ҷузвдонаш дафтари ашъорашро бароварда, чанд ғазалу шеърҳояшро бароям қироат кард, ки ба васфи замин, диёри файзборамон, одаму одамгарӣ бахшида шуда буд. Шеърҳояш низ гувоҳи шукргузориаш аз ин обу хок, сарзамини биҳиштосо ва меҳру муҳаббати самимиаш буд.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»