Ҷиҳати амалӣ сохтани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2013 таҳти №1503 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1986-1996 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар шаҳру ноҳияҳо тадбирҳо андешида мешаванд.
Ин маърака дар ноҳияи Ҷиргатол муташаккилона идома дорад. Ба ҳукми анъана даромадааст, ки «Рӯзи даъватшаванда» бо базму шодӣ қайд карда мешавад. Одатан дар ин рӯз онҳое ба хизмати ҳарбӣ фиристода мешаванд, ки ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кардан мехоҳанд.
- Дар рӯзи нахусти даъват 12 нафар ихтиёриёнро ботантана ба хизмат гусел намудем, — гуфт комиссари ҳарбии ноҳияи Ҷиргатол Ҷамолиддин Сафаров. Онҳоро раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, падару модарони даъватшавандагон Тоҳир Исоев, Дилором Тағоева табрик намуда, барои хизмати содиқонаашон дар ҳифзи Ватан барор хостанд. Сипас даъватшавандаҳо Мақсадҷон Тағоев, Далер Исоев баромад намуда, гуфтанд, ки онҳо ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат хоҳанд кард. Бисёр дӯстону наздиконашон хизмат дар Артиши миллиро бо сарбаландӣ ба ҷо оварданд. Аз гуфти онҳо ҳоло шароит дар Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар шудааст ва аз хизмати худ қаноатманд мебошанд. Мо низ мехоҳем чун дигар бародару дӯстонамон аз ин мактаби мардонагию матонат сабақ гирем.
Аз суҳбат бо комиссари ҳарбӣ Ҷамолиддин Сафаров маълум шуд, ки ҳоло даъват ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Дар муҳлати муқарраргардидаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи сафарбаркунӣ, ки 58 нафар мебошад, иҷро мегардад. Дар ноҳия маъракаи даъват ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамасола муташаккилона мегузарад.
Бо даъватшавандагони ноҳия, ки дар қисмҳои гуногуни низомӣ хизмат менамоянд, комиссариати ҳарбӣ робитаи доимӣ дорад.
Бо фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомӣ рӯзи мулоқоти сарбозон бо падару модарон муайян гардидааст. Комиссариати ҳарбии ноҳия дар вохӯрии хизматчиён бо волидайни худ мусоидат менамояд.
Ҷавонон дар муддати хизмат соҳиби касбукор мешаванд, ки минбаъд аз он истифода мебаранд. Қисме аз онҳо ихтиёрӣ хизматро дар қисмҳои низомӣ, ки рутбаҳои ҳарбӣ гирифтаанд, идома медиҳанд.
М. АЪЗАМ, «Садои мардум»