Зебо Ҳимматова аз фаъолзанони ноҳияи Тоҷикобод аст. Мавсуф беш аз даҳ сол дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод кор кардааст. Маҳз замони сарпарасти соҳаҳои иҷтимоӣ будани ӯ дар ноҳия сафи занону духтароне, ки ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб шудаанд, афзуд. Дар таблиғи духтарон бо мақсади идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ низ саҳми арзанда дорад. Ҳоло дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод кор мекунад. Мавсуф ба хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» оид ба вазъи муассисаҳои таълимии ноҳия чунин гуфт:
-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш аз 23 январи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф ибрози назар намуданд ва онро «самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ» номида, ба хотири пешрафти соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои зиёд доданд.
Айни ҳол дар ноҳияи Тоҷикобод 43 муассисаи таҳсилоти умумӣ, як боғчаи бачагона, маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияи информатсионӣ бо фарогирии 8632 нафар хонанда, ки ба таълиму тарбияи онҳо 505 нафар омӯзгорон машғуланд, фаъолият менамоянд.
Омода намудани хонандагон ба синфи якум масъалаи муҳими рӯз аст. Дар ин бора Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Президенти мамлакат «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019»-ро қабул кардааст ва мо-кормандони соҳаи маориф барои амалӣ намудани он дар ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳем. Бо дастгирии Хазинаи нуфузи СММ (ЮНИСЕФ), дар назди чор мактаб гурӯҳҳои инкишофи кӯдакон ташкил шуд. Барои кӯдакони синни шашсола дар ин мактабҳо синфҳои алоҳида ҷудо карда шудааст ва ин синфхонаҳо пурра бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Ҳоло сохтмони як боғчаи бачагонаи ҳозиразамон дар маркази ноҳия бо дастгирии раиси ноҳия Ҳусейн Ализода дар назар аст. Шуъбаи маорифи ноҳия бо мақсади ҷалби хонандагони деҳаҳои дурдаст ба зинаҳои болоии таҳсилоти умумӣ чораҳои саривақтӣ андешидааст. Ба ин хотир, дар назди муассисаҳои № 1,4, 6 интернатҳои наздимактабӣ таъсис дода шуд ва 128 нафар хонандагоне, ки дар деҳаҳои худ имкони идомаи таҳсилро дар зинаҳои болоии муассисаҳои таълимӣ надоштанд, фаро гирифта шуданд.
Барои идомаи таҳсили духтарон аз деҳаҳои дурдаст дар назди интернати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и деҳаи Ширинчашма бо маблағгузории Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хобгоҳ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Сохтмони мактабҳои нав ва таъмиру тармими биноҳои таълимии иловагӣ дар ноҳия дар доираи имконоти мавҷуда хуб ба роҳ монда шудааст. Соли 2014 бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ду мактаби дуошёна дар деҳаи Сари пул ва деҳаи Зарафшон аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон оғоз гардид. Дар назди муассисаҳои таълимии №7-и деҳаи Зарнисор, №24-и деҳаи Навобод ва №39-и деҳаи Каҷраҳа сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз ҳисоби падару модари хонандагон идома дорад.
Дар ноҳия барои татбиқи «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои ҳамаҷониба андешидааст. Алҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 257 адад компютер ва 34 адад принтер мавҷуд аст. Барнома дар ноҳия 97 фоиз иҷро гардида, то охири соли хониш тамоми муассисаҳои таълимӣ бо компютер таъмин мегарданд.
Тайи ду соли охир тавонистем қариб тамоми мактабҳоро бо мутахассисони худӣ таъмин кунем. Аз 505 нафар омӯзгороне, ки дар макотиби ноҳия машғули таълиму тарбия мебошанд, 385 нафарашон соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳастанд. Танҳо дар ду соли охир 75 нафар омӯзгорони ҷавон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ноҳияи Тоҷикобод омаданд. Соли хониши равон даҳ нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, ки бо сабабҳои гуногун чанд сол боз касби омӯзгориро тарк карда буданд, ба ҷойи кори пештараашон баргаштанд.
Таъсиси Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои ҷавонони ноҳияҳои минтақа шароити мусоид фароҳам овард. Дар баробари ҷавононе, ки айни ҳол дар ин донишкада таҳсил мекунанд, соли равон бо кумаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар омӯзгорони соҳиби таҳсилоти миёнаи касбибуда ба шуъбаи ғоибонаи факултети табиӣ-риёзӣ дохил шуданд. Дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт 48 нафар ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод таҳсил карда истодаанд, ки аксарияташон соли оянда соҳиби ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мешаванд.
Айни ҳол 280 нафар дастпарварони мактабҳои ноҳия дар риштаҳои гуногуни мактабҳои олии кишвар таҳсил карда истодаанд. Тобистони соли гузашта бо низоми нави имтиҳонсупорӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 77 нафар дохил шуданд. Ҳамчунин 25 нафар хатмкардагон тариқи квотаи президентӣ ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор шуданд. Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Садафмоҳи Паҳлавон бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба факулети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул гардид.
Соли гузашта гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи азхудкунии дониши мактаббачагони ноҳияи Тоҷикободро санҷид ва дар ҷаласаи сайёри мушовараи вазорат, ки дар маркази ноҳияи Рашт баргузор гардид, мусбат арзёбӣ кард.
Хонандагони мактабҳои ноҳия дар корҳои ҷамъиятии ноҳия низ фаъолона иштирок мекунанд. Иштироки духтарон дар озмуни «Овози тиллоӣ»-ро метавон мисол овард, ки хонанда Хурмо Ширинова як сол пеш ғолиби озмун шуда буд. Иштироки духтарони мактабҳои ниҳоя дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2014» ва ишғол намудани ҷойи дуюм дар ҷумҳурӣ низ гувоҳи иштироки фаъолонаи духтарони ноҳияи дурдасти Тоҷикобод дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Метавон аз иштироки ҳарсолаи хонандагони мактабҳои ноҳия дар озмунҳои фаннии ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ёдовар шуд.
Аз ҳисоби омӯзгорон дар деҳаҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис додаем, ки дар чойхона-фароғатгоҳҳо бо сокинони деҳаҳо пайваста атрофи масъалаҳои гуногун суҳбат мекунанд. Саҳми онҳо дар фаҳмондадиҳии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015-ро метавон мисол овард.
Робитаи падару модар ба мактаб хеле хуб шудааст. Мо ҳар моҳ «Рӯзи мактаб» эълон кардаем ва дар ин рӯз аксари падару модари хонандагон ба мактабҳо меоянд ва дар дарси кушоди омӯзгорон иштирок менамоянд.
Лоиқи тазаккур аст, ки дар таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи дар интернатҳои наздимактабии ноҳия сарпарастони саховатманд саҳмгузоранд. Мехостам ин ҷо аз саҳми сарпарастони ин муассисаҳо-Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Тоҷикистон, «Тоҷиктекстилмаш» ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шавам. Таълимгирандагон ва падару модари онҳо барои чунин ғамхорӣ ба Президенти мамлакат ва роҳбарияти ташкилотҳои ёрирасон арзи сипос менамоянд.
Таҳияи Талабзода Д., «Садои мардум»