Дар шаҳри Роғун бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо фаъолон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ доир шуд. Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Роғун Шариф Шарипов оғоз гардид. Ҳадаф аз ташкили ҷамъомад фаҳмонидани мафҳумҳои асосӣ ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи чарогоҳҳо» буд. Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшо Саъдуллоев оид ба зарурият ва моҳияти қонуни мазкур суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи чарогоҳҳо» аз 30 модда ва 5 боб иборат аст. Қонуни мазкур тартиби истифодабарии чарогоҳҳо, роҳҳои чорвогузар ва ҳифзи онҳоро ба танзим медарорад. Ба иштирокдорони вохӯрӣ оид ба ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони чарогоҳ дастурҳои муфид дода шуд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки мутобиқи моддаи 7 қонуни мазкур шахсоне, ки дар моликияти шахсӣ чорво доранд, метавонанд ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагонро таъсис дода, ба мақомоти давлатии дахлдор барои ба иҷора гирифтани замини чарогоҳ муроҷиат намоянд ва оид ба истифодабарии чарогоҳ шартнома ба имзо расонанд. Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиҷоуддин Исроилов зимни суханронӣ зикр кард, ки барои пешрафти соҳа 18 барномаи давлатӣ ба тасвиб расидааст, ки амалишавии барномаҳои мазкур ба пешрафт ва тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ мусоидати фаъол хоҳад кард. Дар интиҳои вохӯрӣ иштироккунандагон аз вакилон ва мутахассисони соҳа ба суолҳои худ ҷавоб-ҳои мушаххас гирифтанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насрулло Маҳмудов ва намояндаи Маркази Лоиҳаи «Рушди деҳот» Шарафҷон Раҳимов иштирок ва суханронӣ карданд.
А. ҶОЙЛОБОВ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун