«Бо қаноатмандӣ мехоҳам хотирнишон созам, ки имрӯзҳо кулли сокинони кишварамон, аз ҷумла мардуми заҳматкаши ноҳияи Ҷиргатол, аз баракати сулҳу оромии мамлакат азму талош доранд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои созандагӣ ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони азиз иқдомҳои тоза нишон диҳанд ва мо инро дар чеҳраҳои гарму самимии мардуми ноҳияи баландкӯҳи Ҷиргатол хуб эҳсос мекунем».
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷиргатол (26 сентябри соли 2013)
Ҷиргатол воқеан ҳам диёри қуллаҳои осмонбӯс, макони чашмаҳои ҷонбахшу мусаффо, ошёни уқобони баландпарвоз, табиати ҳамешабаҳор аст. Аз бағали кӯҳҳои осмонбӯсу пиряхҳои бузург оби софу чун осмон нилгуни чашмаҳо ҷӯш зада, дарёҳои шӯху пуртуғёни Мук, Оби кабуд, Питовкул, Тамдикул, Пиёзӣ ташкил меёбанд, ки манбаи ҳаёт дар ин водӣ ба шумор мераванд.
Дарёи Сурхоб аз Ҷумҳурии Қирғизистон сарчашма гирифта, аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол мегузарад. Дигар дарёҳои хурду чашмаҳои сершумор аз фарози кӯҳҳо ба Сурхоб ҳамроҳ гашта, онро хурӯшону пуртуғён мегардонанд, ки як шохаи дарёи Вахшро ташкил медиҳад.
Тамоми деҳаҳои хурду калони ҳудуди ноҳия дар ҳар ду соҳили ҳамин дарё ҷойгиранд. Сокинони ин диёри кӯҳистон таърихи куҳан доранд ва анъана, расму оини ниёгони худро то ба имрӯз ҳифз намудаанду эҳтиром мегузоранд. Мардуми муқими ин диёр намояндагони ду миллат- тоҷикону қирғизҳо мебошанд. Тарзи зиндагии мардуми Ҷиргатол аз фарҳанги қадимаи ин ду халқ сарчашма мегирад. Тӯли солҳо дӯстию рафоқати онҳо мустаҳкаму қавитар гардидааст.
Зимни сафар ба деҳоти ин ноҳия нишонаи дӯстию рафоқати халқи тоҷику қирғизро ба хубӣ эҳсос намудем. Аъзои аксари оилаҳо намояндагони ин ду миллатанд. Забони муошират низ тоҷикию қирғизист. Дар суҳбату вохӯрӣ, муҳити оила аз ду забон истифода мебаранд ва ин одати маъмулӣ дониста мешавад. Қариб дар ҳама деҳаҳои ноҳия оилаҳое зиндагӣ менамоянд, ки аз намояндагони ин ду халқ ташкил ёфтаанд.
Боиси хушнудист, ки чунин оилаҳо пойдору устуворанд ва фарзандони худро дар асоси анъана, урфу одатҳои неки ниёгонамон тарбия менамоянд. Муносибати оиладорӣ омили асосӣ дар мустаҳкамии равобити дӯстона ва эҳтироми якдигар мебошад. Имсол, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли оила» эълон шудааст, месазад аз бунёди чунин оиладорӣ ёдовар шуд.
Дар муассисаҳои таълимӣ низ ин анъанаи нек риоя мешавад. Фарзандон имконият доранд, ки мувофиқи хоҳиши худ дар мактабҳо таҳсил намоянд.
Дар соли хониши 2014- 2015 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 58 ададро ташкил медиҳад. Вобаста ба шароити маҳал мактабҳои таълимашон тоҷикӣ, тоҷикию қирғизӣ ва қирғизӣ фаъолият доранд.
Ҳоло шумораи омӯзгорон 994 нафар буда, 331 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Сол то сол шумораи хатмкунандагони ноҳияи Ҷиргатол, ки ба муассисаҳои олии касбӣ дохил мешаванд, меафзояд. Айни ҳол тибқи квотаи президентӣ 107 нафар писарон ва 56 нафар духтарон дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 48 нафар писарону духтарон дар Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил доранд.
Дар бораи рушди равобити дӯстонаи ҷумҳуриҳои ҳамсояи Тоҷикистону Қирғизистон тадбирҳои зиёде амалӣ шуда истодааст. Дар иртибот ба ин масъала раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷаи Зоир зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 феврали соли 2013 таҳти №18/10-47 байни ноҳияи Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ҷон-Алайи Ҷумҳурии Қирғизистон комиссияи муштарак дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоративу фарҳангӣ таъсис ёфта, фаъолияти худро дар асоси низомнома ба роҳ мондааст. Ҷаласаҳои комиссия дар ҳар ду ноҳия баргузор гардида, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ мегарданд. Ин ҳамкориҳо ба муҳайё намудани шароит барои беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ, рафтуомади озоди шаҳрвандон ва соҳибкорони ҳудудҳои наздисарҳадӣ мусоидат менамоянд. Ҳоло муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон аз се ба 60 рӯз тамдид шуд. Рафтуомади сокинони дар қайди ноҳияи Ҷиргатол буда ба Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути шиносномаи дохилӣ сурат мегирад.
Дар асоси қарорҳои қабулнамудаи комиссияи муштарак ярмаркаҳои хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, вохӯрии соҳибкорону тоҷирон мунтазам доир мегарданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол барои фаъолияти пурсамари комиссияи муштарак тамоми тадбирҳоро меандешад, ки ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии ду ноҳияи ҳаммарз густариш ёбад ва робитаҳои дӯстию бародарӣ мустаҳкам гардад.
Фазои орому сулҳу субот имкон фароҳам овардааст, ки дар ноҳия соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намоянд ва ин минтақаи кӯҳистон ободу зебо гардад. Оид ба рушди соҳибкории хурду миёна дар ноҳия диққати бештар дода мешавад. Ҳоло шумораи соҳибкорони инфиродии тавассути патент ва шаҳодатнома фаъолиятдошта мутаносибан 65 ва 301 нафар мебошанд. Аз ҳисоби саҳмгузории соҳибкорон дар ноҳия чандин иншооти хурду миёна сохта, ба истифода дода шуданд. Чунончӣ, аз ҷониби соҳибкор Раҳмиддин Асоев маркази маъмурию тиҷоратӣ сохта шуд, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26 сентябри соли 2013) ба фаъолият шурӯъ намуд.
Соли 2014 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 127 иншооти хурду миёнаро, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, мактаби замонавӣ дар мавзеи Чаргул барои 640 нафар хонанда ба нақша гирифта буд, ки мавриди истифода қарор гирифтанд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни сафари корӣ 28 августи соли 2011 баён гардида буд, сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия барои 5200 ҷойи нишаст оғоз гардида, соли гузашта ба итмом расонида шуд. Дар ин радиф аз рушди соҳаи варзиш ёдовар шудан ба мақсад мувофиқ аст. Варзишгарони ноҳия дар мусобиқа аз рӯи намуди гӯштии самбо ва дзюдо дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе, теннис дар шаҳри Душанбе, волейбол байни тими занона дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд иштирок намуданд. Варзишгари наврас Шодмон Пиримшоев дар мусобиқа аз намуди кикбоксинг чемпиони Тоҷикистон ва унвони чемпиони Осиёро соҳиб гардид.
Ҳоло дар назди шуъбаи фарҳанги ноҳия 28 китобхона, ҳашт маркази фарҳангӣ, дастаи тарона ва рақси «Садои Лахш» амал мекунанд. Кормандони бахши фарҳанг дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷашни миллии Наврӯз бо барномаҳои ҷолиб баромад менамоянд.
«Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст» — зикр мешавад дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015).
Дар ноҳия раванди ҷалби духтарону занон ба корҳои идоракунӣ ва истеҳсолот дар асоси талаботи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занони лаёқатманд барои солҳои 2007- 2016» ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар ноҳия 64 нафар занону духтарон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз 40 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия шаш нафар ва аз 284 нафар вакилони ҷамоатҳо 55 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби хатмкунандагони тибқи квотаи президентӣ 80 нафарашон ба ноҳия баргашта, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Баъди хатми муассисаҳои олии касбӣ чор нафар духтарон дар аспирантура ва ординатура идомаи таҳсил намуда, як нафар зан аз ноҳия соҳиби унвони номзади илми тиб гардидааст.
Раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ асоси фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мебошанд. Соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 253 млн. 145,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013- ум 215,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи асосии ноҳия- кишоварзӣ сол то сол рушд меёбад. Соли гузашта дар майдони 9958 гектар, аз ҷумла 6886 гектар замини обӣ кишт гузаронда шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти картошка 2143 гектарро ташкил дод ва ҳосилнокии ҳар гектар ба 255 сентнерӣ расонида шуд. Дар майдони 62 гектар боғҳои нав бунёд ва даҳ гектар боғҳои куҳна барқарор карда шуданд. Чорводорӣ низ дар ноҳия рӯ ба пешравӣ дорад. Мутобиқи нақша 21 гектар ҷангалзор барқарор шуда, бештар аз 400 килограмм гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ гардид.
Дар маҷрои дарёи Питовкул неругоҳи барқи обӣ сохта шуда аст. Ҳоло Неругоҳи барқи обии «Питовкул- 1» аз муоинаи техникӣ гузашта, бо иқтидори зарурӣ истифода мешавад. Неругоҳи барқи обии «Питовкул-2» бошад, ба хати барқи тоза пайваст шуда, аз ду агрегати он аҳолии маркази ноҳия ва деҳот истифода мебаранд.
Дигаргунӣ ва пешрафт дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба мушоҳида мерасанд. Сохтмони биноҳои маъмурӣ, истиқоматию таълимӣ, тандурустӣ дар марказ ва деҳот идома дошта, қисме аз онҳо ба истифода дода шудаанд.
Омили асосии таъмини рушди соҳаҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ, қабл аз ҳама иттиҳоду ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, ҳамфикрии мардум аст. Нишона ва самараи онро дар ин ноҳияи кӯҳистони кишварамон ба хубӣ метавон дид.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ,«Садои мардум»