Таъмини амнияти озуқаворӣ

НУРОБОД: Кишоварзӣ рушд меёбад

№61 (3362) 28.04.2015

Додихудо Қандов соли панҷум аст, ки дар вазифаи мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод кор мекунад. Баъди хатми мактаби олӣ ба зодгоҳи худ баргашта, тамоми донишу истеъдодашро ба хотири пешрафти ин соҳа сарф карда, дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ фаъолият намудааст.

-Баъди раиси ноҳия таъин шудани Сайдамир Сиёмардзода ман ба вазифаи мазкур таъин шудам ва бо ҳидояту маслиҳати ӯ тавонистем барои рушду нумӯи соҳа корҳои зиёдеро ба анҷом расонем,- мегӯяд Додихудо Қандов. – То соли 2010 дар ноҳия ҳамагӣ дар майдони 72 гектар картошка кишт карда мешуд, ҳол он ки картошкапарварӣ дар манотиқи кӯҳистони кишвар яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад ва барои инкишофи он дар ноҳия шароити мусоид фароҳам мебошад. Баҳори соли равон картошкапарварони мо тасмим гирифтаанд, ки дар майдони 350 гектар картошка кишт намоянд. Яъне,  давоми солҳои сипаригардида тавонистем дар доираи имконоти мавҷуда мунтазам майдони картошказорро зиёд намоем. Барои амалӣ намудани ин нияти хайр раиси ноҳия бо соҳибкорон ва сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ вохӯрӣ гузаронид. Дар вохӯрӣ оид ба мушкилоти картошкапарварон суҳбати ошкоро шуд. Раиси ноҳия барои бартараф намудани мушкилоте, ки ба пешрафти кор халал мерасонад, кумаки худро дареғ намедорад. Барои мо 1200 тонна картошкаи тухмӣ лозим аст ва ба қадри кофӣ захира дорем. Дар баробари ин, бо мақсади дарёфти тухмии хушсифат тасмим гирифтаем, ки мутахассисон аз дигар навоҳӣ картошкаи тухмӣ биёранд.

Соли гузашта дар хоҷагиҳои деҳқонии Соҳиб Қандов, «Оби Лурт», «Сари Қош», «Пандовчӣ», Султон аз як гектар замин 320 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Умед аст, ки имсол сафи картошкапарвароне, ки бо меҳнати ҳалол ҳосили бештар ба даст меоранд, зиёд мешавад, зеро картошкапарварони ноҳия таҷрибаи пешқадамонро омӯхта, роҳҳои зиёд намудани ҳосилнокиро аз худ намудаанд.

Кишоварзони ноҳияи Нуробод ба кишти тирамоҳӣ низ диққати махсус доданд ва дар майдони 960 гектар ғалладона кишт намуданд.

-Аз солҳои роҳбариам ба шуъбаи кишоварзии ноҳия як воқеа дар лавҳи хотирам нақш бастааст. Ман беш аз чил сол аст, ки дар ноҳия кор мекунам. Ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ёд надорам, ки шахси якуми кишвар бо сафари корӣ омада, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил иштирок карда бошад. Албатта, меомаданд, бо фаъолон вохӯриҳо мегузарониданд, маслиҳат медоданд, аммо  ба майдони киштзор аз дур менигаристанд.  Соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод сафари корӣ доштанд ва он ба рӯзҳое рост омад, ки кишоварзони мо ба ҷамъоварии ҳосил машғул буданд. Сарвари давлат ҳамроҳи онҳо дар мавзеи «Сари Қош» мева чинда, дар майдони картошказор картошка ғундошту ба деҳқонону боғпарварон маслиҳатҳои муфид дод. Чанд нафар аз кишоварзони номдору хушбахти ин мавзеъ дар паҳлуи Сарвари давлат сурат гирифтанд. Ман низ ифтихор мекунам, ки Президенти мамлакат он рӯзҳо аз кори мо изҳори қаноатмандӣ кард, — бо хушҳолӣ ёдовар мешавад Д.Қандов.

Меваи истеҳсолнамудаи боғпарварони ноҳия солҳои пеш мисли дигар ноҳияҳои минтақаи Рашт маъруф буд. Боғпарварон себу ноки ин мавзеъро ба тамоми гӯшаву канори мамлакати паҳновар мебурданд. Солҳои охир боғдорӣ хеле хуб рушд намуда истодааст. Имрӯз майдони боғҳои ноҳияи Нуробод ба 432 гектар расидааст. Мувофиқи нақша имсол бунёди  12 гектар боғи нав дар назар буд ва нақша дар як муҳлати кӯтоҳ бо сарбаландӣ иҷро гардид. Дар баробари бунёди боғҳои нав дар ноҳияи Нуробод ба масъалаи барқароркунии боғҳои куҳна диққати ҷиддӣ дода мешавад. То имрӯз нуҳ гектар боғи куҳна аз нав барқарор карда шуд.

Чорводорӣ низ дар ноҳия рӯ ба инкишоф аст. Ин соҳа солҳои пеш ҳам яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор мерафт. Дар хоҷагии «Ғарм»-и ноҳия фермаҳои калонтарин ҷойгир буданд. Солиёни зиёд собиқ Котиби якуми ҳизби коммунистии Тоҷикистон шодравон Турсун Ӯлҷабоев ба ин хоҷагӣ роҳбарӣ карда буд. Он солҳо овозаи ин хоҷагии номдор то маркази  давлати ҳамонвақтаи мо- шаҳри Москва рафта буд. Чандин маротиба ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ шуд. Говдӯши номдори ҳамин хоҷагӣ Оростамоҳ Сатторова депутати Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. То пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ хоҷагии мазкур шуҳраташро нигоҳ дошт.

Имрӯз дар ноҳияи Нуробод саршумори чорвои калон ба 26612 сар ва моли майда ба 76280 сар расидааст. Сокинони ноҳияи Нуробод ҳанӯз дар даврони шӯравӣ ба парвариши занбӯри асал завқманд буданд. Имрӯз ин соҳа хеле хуб инкишоф ёфтааст. Ба гуфти мутахассисон, соҳаи мазкур дар ноҳия соҳаи сердаромадтарин ба ҳисоб меравад. Дар кӯҳу пуштаи ноҳияи Нуробод тибқи маълумоти гиёҳшиносон растаниҳои зиёди шифобахш мерӯянд, ки занбӯри асал аз онҳо истифода мебарад. Бинобар ин, асали Нуробод ба қатори беҳтарин асалҳои дармонбахш дохил мегардад. Дар ноҳия имрӯз 9780 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Соли гузашта занбӯриасалпарварон 117 тонна асали хушсифат истеҳсол карданд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки имсол шумораи оилаҳои занбӯри асалро ба 11000 расонида,130 тонна асал истеҳсол намоянд.

-Ба пешрафти соҳаи кишоварзии ноҳия итминони комил дорам. Аз таҷрибаи андӯхтаам ба ҳамин хулоса омадам, ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дар кӯтоҳтарин муҳлат рушду нумӯъ меёбад. Кишоварзони ноҳияи мо на танҳо зиндагии серу пурро барои худ таъмин менамоянд, балки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми сазовор мегузоранд, — гуфт дар хотимаи суханаш Додихудо Қандов.

 

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»