Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, ҳамасола ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд.
Воқеан дар бахшҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг пешравиҳо зиёданд. Суҳбати хабарнигорони мо бо раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардзода дар ин хусус доир гашт.
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳои кории худ ба ноҳия зикр доштанд, ки Нуробод ҳамчун шаҳр бунёд мешавад. Ҳоло мехостем, аз иҷрои корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ин минтақаи кӯҳистон суҳбатро оғоз намоем.
-Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Нуробод сол то сол симои худро дигар намуда, ободу зебо гардида истодааст.
Барои суръат бахшидан ба корҳои созандагӣ ва ободонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2013- 2017» қабул гардид, ки мутобиқи он анҷом додани як силсила чорабиниҳои созандагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур сохтмони чандин иншоот ба анҷом расида, ин иқдом идома дорад. Маълум, ки бо дарназардошти вусъати корҳои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун» зарурати кӯчонидани маркази маъмурии ноҳия ва чанде аз деҳаҳо ба миён омад. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи генералии маркази маъмурии ноҳия- шаҳраки Дарбанд барои 15 ҳазор нафар аҳолӣ тасдиқ гардидааст.
Дар шаҳраки нави Дарбанд чандин иншооти маъмурӣ, дигар биноҳо сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои он, дигар ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ дар шаҳраки нав фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Дар шаҳраки Дарбанд мутобиқи нақшаи генералӣ сохтмони иншооти хуштарҳи замонавӣ идома дорад.
Боиси ифтихори мост, ки дар маросими мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти сохтмонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки бевосита доштанд. Аз ҷумла Сарвари давлат дар доираи сафари кории худ ба водии Рашт 27 сентябри соли 2013 ба бунёди Коллеҷи муҳандисӣ- техникӣ расман асос гузошт. Сарвари давлат сохтмони коллеҷи мазкурро идомаи корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Дарбанд маънидод намуда, таъкид дошт, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин Нуробод ба шаҳри замонавӣ табдил меёбад. Воқеан, дар муддати начандон зиёд маркази ноҳия- шаҳраки Дарбанд ободу зебо гашта, тарҳи шаҳрро гирифта истодааст.
-Чун аз хусуси ободонӣ суҳбат оғоз шуд, мехостем фаҳмем, ки дар ин самт соҳибкорону шахсони саховатпеша чӣ гуна иштирок доранд?
-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар фаъолияти худ ба бахши хусусӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ диққати доимӣ медиҳад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ як қатор иншооти муҳим сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷониби соҳибкор Файзалӣ Ҳоҷиев корхонаи истеҳсоли хишт ва регу шағал бунёд гардид. Соҳибкор Насриддин Ҳамидов дар деҳоти «Сафедоб» сохтмони корхонаи хиштро бо иқтидори ду миллион дона хишт дар як сол ба анҷом расонд. Дар деҳаи Сари пул соҳибкор Саид Неъматов корхонаи асфалтбарориро бо иқтидори 360 тонна дар як шабонарӯз ба истифода дод, ки 29 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар деҳаи Чорсадаи деҳоти ба номи Ҳакимӣ соҳибкор Нурмуҳаммад Хушвахтов корхонаи истеҳсоли ордро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 50 тонна маҳсулот мебошад. Ҳоло дар ин корхона 30 нафар ба кори доимӣ таъминанд.
Аз ҷониби шахси саховатпеша Абдуҷаббор Каримов дар деҳаи Юсти деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов бунгоҳи тиббӣ ва дар шаҳраки Дарбанд соҳибкор Фаридун Салимов сехи қолинбофӣ сохта шуд.
Давоми соли гузашта бо дастгирии соҳибкорон 21 марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла даҳ адад мағозаи дуошёна, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобилҳо мавриди истифода қарор гирифтанд, ки 34 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имсол низ ин иқдоми соҳибкорону шахсони саховатпеша идома дода мешавад.
-Нуробод асосан ноҳияи кишоварзӣ буда, иқлими он ба рушди боғдорию ғалладона, бахусус картошкапарварӣ мусоид аст. Ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишоварзон шароиту имконияти зиёде доранд, ки метавонанд аз он пурсамар истифода баранд…
-Рушди минбаъдаи соҳаи аграрӣ дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад. Мутобиқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ соли гузашта дар майдони 1931 гектар ғалладона, 540 гектар картошка, 160 гектар зироати техникӣ, 1557 гектар зироати хӯроки чорво кишт гузаронда шуд. Натиҷаи заҳмати кишоварзон буд, ки 2540 тонна ғалла, 11977 тонна картошка, 5718 тонна мева ва ғайра истеҳсол шуд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ соли гузашта 132 миллиону 429 ҳазор сомониро ташкил дод.
Аз ҷониби бонкҳои дар ноҳия фаъолиятдошта 5901958 сомонӣ қарзҳо дода шуд, ки барои тараққии соҳаҳои кишоварзӣ мусоидат намуданд.
Кишоварзони ноҳия махсусан дар боғдорӣ соҳибтаҷриба буда, меваҳои хушлаззати ин мавзеъ дар дохили кишвар ва берун аз он харидор доранд. Бо мақсади рушди соҳаи боғдорӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 таҳти №683 «Оид ба тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014» дар майдони 73,5 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карда шуда, 80 гектар аз нав барқарор гардид.
Инчунин иқлими ноҳия барои тараққӣ додани моҳипарварӣ ва парандапарварӣ мувофиқ аст ва дар ин самт низ эътибори ҷиддӣ медиҳем.
-Баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги мардум, солимии ҷомеа омили пешравиҳои тамоми соҳаҳо дониста мешаванд. Ба ин манзур, мегуфтед, ки рушди бахшҳои иҷтимоӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?
-Ҳоло дар ноҳия 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият доранд. Ба таҳсил 15144 нафар хонандагон фаро гирифта шуданд, ки аз он 7066 нафарашон духтаронанд. Ба онҳо 798 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд, ки аз ҷумла 88 нафар занон мебошанд.
Тибқи квотаи президентӣ соли гузашта 31 нафар, аз ҷумла 18 нафар духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуданд. Ҳоло аз ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти 160 нафар таҳсил доранд, ки 85 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Сохтмони биноҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардонда мешаванд. Соли гузашта бо дастгирии ЮНИСЕФ ва ЮНДР дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 деҳаи Зорон 6 синфхонаи иловагӣ сохта, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3, 4, 31 ва 86 таъмир шуданд. Бо маблағгузории вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва сохтмонии варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 дар деҳоти «Сафедчашма» бо маблағи 520 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Нуробод- лоиҳа» сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Муҳайё гардондани шароити мусоид имкон медиҳад, ки сифати таълиму тарбия беҳтар шавад.
Ба аҳолии ноҳия 45 муассисаи тиббӣ хизмат мерасонад. Шумораи кормандони соҳаи тандурустӣ ба 144 нафар расидааст, ки 41 нафарашон дорои маълумоти олии тиббӣ мебошанд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ноҳия ва деҳоти дурдаст марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ сохта шуд. Ба ин восита сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад.
Соҳаи фарҳанг низ сол то сол рӯ ба пешравӣ дорад. Бахши фарҳанги ноҳия дорои панҷ хонаи фарҳангӣ, чор клуб, як театри халқӣ, як осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ, 19 китобхонаи оммавӣ мебошад.
Гурӯҳи таблиғотӣ- бадеии бахши фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо дигар шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарра суҳбату вохӯриҳо гузаронида, саҳнаҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ намоиш медиҳанд. Боиси хурсандист, ки директори кохи фарҳанги деҳоти ба номи Ҳакимӣ Шокири Қодир ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Зафархонӣ» дониста шуд.
-Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки нақши занон ва ҷавонон дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ ниҳоят арзишманд мебошад. Дар корҳои созандагию ободонӣ занон чӣ гуна иштирок доранд?
-Сохта ба истифода додани марказҳои савдо, дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ имкон фароҳам овард, ки занону духтарон соҳиби ҷойи корӣ гарданд. Дар шаҳраки Дарбанд ва маркази деҳоти Комсомолобод сехҳои дӯзандагӣ кушода шудаанд. Дар марказҳои омӯзишӣ занону духтарон касби дӯзандагиро аз худ намуда, баъд дар маҳалҳо ба дӯхтани либосҳои гуногун ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарони хонашин машғул мешаванд. Шумораи занони маълумоти олидор 75 нафарро ташкил медиҳад. Аз тариқи озмун 12 нафар занон ба хизмати давлатӣ ҷалб гардидаанд. Ҳоло дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаш нафар, маориф 88 нафар, тиб 116 нафар, соҳибкорӣ 11 нафар занон ба фаъолият машғуланд. Инчунин се нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва нуҳ нафар вакили ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри бештар ба кор ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо тадбирҳои судманд меандешанд.
Пешрафту дастовардҳои ноҳия солҳои охир назаррасанд, ки он аз баракати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, натиҷаи меҳнати мардуми он мебошад.
Ҷумъахон НАБОТОВ,
Аъзам МӮСОЕВ,
«Садои мардум»