Бо амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди минтақаи Рашт симои ноҳияи Тоҷикобод ба куллӣ дигаргун шудааст. Аз баракати соҳибистиқлолии кишвар, суботи ҷомеа, Ваҳдати миллӣ мардуми ин гӯшаи кӯҳистони диёрамон зиндагии осоишта доранд ва баҳри шукуфоии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бобати таъмини пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳо меандешад.
Танҳо давоми ҳафт соли охир дар ноҳия 76 иншоот сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Доир ба амалҳои анҷомёфтаи ободонию созандагӣ бо раиси ноҳия Ҳусейн Ализода суҳбат доштем.
-Боиси ифтихор ва хурсандист, ки чанде аз иншооти сохтмонӣ бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гашта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Ҳусейн Ализода. -Варзишгоҳи ноҳия аз ҷумлаи чунин иншоот мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ моҳи сентябри соли 2013 онро расман ифтитоҳ карданд. Ин варзишгоҳ дорои 6,5 ҳазор ҷойи нишаст буда, ба маблағи бештар аз 8 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Бо мақсади минбаъд обод гардонидани ин мавзеъ боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд гардида, дар атрофи варзишгоҳ беш аз як ҳазор бех ниҳоли сояафкан шинонда шуд. Бо саҳмгузории ташкилоту идораҳои ноҳия нигоҳубини ниҳолҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар кушодашавии бинои шуъбаи корҳои дохилӣ, маркази фароғатӣ барои ҷавонон, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Лаби Об», маркази тиҷоратӣ ва дигар иншооти навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Соли 2014 низ масъалаи ободонӣ дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошт. Бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми зиёда аз 6 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфт.
Дар арафаи ҷашнгирии 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои дуошёнаи Ҷамоати деҳоти «Нушор» ба маблағи 1 миллиону 323 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.
Аз ҳисоби Дирексия оид ба сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони меҳмонхона барои 50 ҷой бо маблағи 5 миллион сомонӣ ва бо маблағҳои марказонидаи буҷети маҳаллӣ сохтмони қасри фарҳанг, хонаи истиқоматии дувоздаҳҳуҷрагӣ идома дорад.
Сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ низ бо мақсади ободонӣ истифода мешавад. Соли 2014 ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ барои маблағгузории соҳаҳои хоҷагии халқ кӯшиш ба харҷ дода шуда, кори зиёд анҷом ёфт. Тибқи барномаҳои тасдиқшуда дар ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 5268 ҳазор сомонӣ амалӣ шуд. Аз ҷумла аз ин ҳисоб кашидани оби нӯшокӣ дар чор деҳа, сохтмони як ва таъмири чор бунгоҳи тиббӣ, сохтмони 22 синфхонаи иловагӣ дар се мактаб, хобгоҳи мактаб- интернати Ҷамоати деҳоти «Ширинчашма» амалӣ гардид. Барои ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ минбаъд низ чораҳо андешида мешаванд.
Рушди соҳибкорӣ яке аз омилҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани буҷет ва бозори истеъмолӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар ноҳия ба масъалаи мазкур аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Ҳоло дар ноҳия 602 нафар соҳибкорон, аз ҷумла 44 нафар соҳибкорзан ба қайд гирифта шудааст, ки ба онҳо чор корхонаи истеҳсолӣ, 124 мағозаи тиҷоратӣ, 18 корхонаи хизматрасонӣ, се нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ғайра тааллуқ дошта, фаъолият намуда истодаанд. Соли гузашта аз ҷониби соҳибкорони ноҳия дар арафаи ҷашнҳо панҷ иншоот ба маблағи 2 миллиону 730 ҳазор сомонӣ ба истифода супорида шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати рушди соҳибкории истеҳсолӣ чораҳо андешида мешаванд. Соли 2011 дар ноҳия якумин корхонаи саноатӣ- заводи хиштбарорӣ бо иқтидори 2,5 миллион дона хишт дар як сол бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ба истифода дода шуд, ки дар он беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд. Баъдан сехи мебелбарорӣ, ки дар он ҳашт нафар кор мекунанд ва сехи маҳсулот аз оҳан ба фаъолият оғоз намуд.
Соли гузашта аз ҷониби соҳибкорон ҳамчунин корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ, сехи коркарди чӯбу тахта ба истифода супорида шуда, бунёди корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ оғоз ёфт. Айни замон дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорон ду толори варзишӣ бунёд гардида, ба фаъолият пардохт. Соҳибкорон бунёди боз ду толори варзишии деҳаҳои Полезак ва Зафарободро ба уҳда гирифтаанд.
Зикр кардан зарур аст, ки як лоиҳаи пешниҳоднамудаи соҳибкорони ноҳия аз тарафи фонди соҳибкорию истеҳсолии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт. Соҳибкорон дар пешрафти дигар бахшҳо низ саҳм мегузоранд.
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ихтиёри худ 115 километр роҳ дорад, ки аз ин ҷумла 25 километраш роҳи байналмилалӣ ва 90 километри дигар роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ду километр роҳҳои Ҷамоати деҳоти «Нӯшор» ва 1,5 километр роҳҳои маркази ноҳия мумфарш шуд ва ин кор идома дорад. Ҳамзамон аз ҳисоби соҳибкорон таъмири роҳҳои байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Лангари шоҳ» ва кӯпруки деҳаи Полезаки Ҷамоати деҳоти «Ширинчашма», таъмири роҳи дохилии Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Лаби Об» ба анҷом расонида шудаанд.
Бо саҳмгузории мардуми Ҷамоати деҳоти «Нӯшор», шахсони саховатманд, дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пули болои дарёи Шӯрак, ки сел онро хароб карда буд, аз нав барқарор шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Корҳои дар ин иншоот анҷомшуда маблағи беш аз 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Мавриди истифода қарор гирифтани пули мазкур имкон медиҳад, ки қариб 50 гектар заминҳои обии мавзеи Дашти Боқӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳим таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ мебошад. Барои ҳалли ин масъала дар баробари маблағҳои буҷетӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз соҳибкорон ва мардуми саховатманд низ истифода бурда мешавад. Бо дастгирии сокинони деҳаи Зафарободи деҳоти ба номи М.Шогадоев сохтмони хати оби нӯшокӣ дар масофаи 12 километр (бо маблағи 723 ҳазор сомонӣ), деҳаи Сабзазор бо дарозии 3 километр (бо маблағи 28 ҳазор сомонӣ), деҳаи Полезак (бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ) идома дошта, қисман ба анҷом расидаанд.
-Дар ноҳия соҳаи асосӣ — кишоварзӣ рушд дорад, ки ба беҳтар гаштани дараҷаи зиндагии мардум мусоидат менамояд, зеро шуғли асосии сокинони деҳот кишоварзӣ мебошад. Сол то сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад,- гуфт дар идомаи суҳбат раиси ноҳия Ҳусейн Ализода. -Иқлими ноҳия ба инкишофи боғдориву картошкапарварӣ, чорводориву занбӯриасалпарварӣ мувофиқ мебошад. Бахусус картошкапарварӣ соҳаи асосӣ ва афзалиятнок аст. Солҳои охир имкон фароҳам омад, ки майдони кишти он васеъ ва сифати маҳсулот беҳтар гардад. Аз тухмии кортошкаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ истифода мебаранд.
Соли гузашта майдони картошка ба 874 гектар расонида шуд ва ҳосилнокии ҳар гектар 228 сентнериро ташкил дод. Ҳосили 69 гектар зироатҳои техникӣ, 371 гектар сабзавот ғундошта, ҳамзамон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 2385 гектар шудгор ва дар майдони 1076 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд. Имсол майдони кишти зироатҳо, аз ҷумла картошка, зиёд мешавад.
Доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014» дар майдони 30 гектар боғи нав бунёд ёфт.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти «Лангари шоҳ» бори нахуст дар ноҳия як гектар боғи интенсивӣ ташкил шуд. Ин шароит фароҳам меорад, ки истеҳсоли маҳсулот зиёд ва ҷойҳои нави кор пайдо шавад.
Дар бахши иҷтимоӣ низ пешравиҳо назаррасанд. Бо ҷалби сармоягузорӣ ва аз ҳисоби буҷетҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг маблағгузорӣ бештар шудааст.
Шумораи муассисаҳои таълимӣ зиёд гардида, айни ҳол 43 ададро ташкил медиҳанд. Ҳоло дар онҳо қариб 9 ҳазор хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумлаи хатмкардагони соли гузашта 108 нафар толибилмон соҳиби унвони донишҷӯ гардидаанд, ки 17 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Дар ноҳия айни замон як беморхонаи марказӣ, беморхонаи минтақавӣ, марказҳои саломатӣ, шаш маркази солимгардонӣ, 21 бунгоҳи саломатии деҳот фаъолият дорад.
Аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Дараи Назараки деҳоти «Қалъаи Лаби Об» ба итмом расида, мавриди истифода қарор дода шуд. Таъмир ва таҷҳизонидани чор бунгоҳ дар деҳаҳаҳои дигар, таъмири системаҳои гармидиҳии беморхонаҳои минтақавии деҳоти «Нӯшор» ва «Лангари шоҳ» идома дорад. Инчунин аз ҳисоби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ноҳия ташхисгоҳ- лабораторияи касалиҳои сил сохта шуд, ки арзиши он 432 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Соли гузашта аз ҳисоби соҳибкорон таъмир ва таҷҳизонидани беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти «Ширинчашма» ба маблағи 102 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид.
Кормандони шуъбаи фарҳанг низ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Боиси ифтихор аст, ки ҳунармандони ноҳия дар даври ниҳоии Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб- 2014» дар ҷумҳурӣ соҳиби ҷойи дуюм гардиданд. Онҳо бахшида ба чорабиниҳои сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, ҷашну маросимҳо барномаҳои рангини консертӣ омода намуда, хотири тамошобинонро шод мегардонанд.
Дар хотимаи суҳбат раиси ноҳия Ҳусейн Ализода иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо истифода аз имконот ва дастгирии мардум дар татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои амалӣ хоҳад андешид.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»