Одамони зиёде аз кумакҳои ӯ баҳраманд гардидаанд

№25 (3171) 14.03.2014

Аслан эътимоди мардум ба аҳли тиҷорат зиёд нест. Зеро эшон табиатан манфиатҷӯ буда, дар ҳама кору пайкоре, ки доранд, қабл аз ҳама дар бораи манфиати хеш андеша мекунанд. Қабл аз суҳбати аввал бо соҳибкор Диловар Орзуев, ки ӯро бароямон ҳамчун ҷавони ташаббускору диловар ва саховатманду ободгар муаррифӣ намуда буданд, андешаи мо дар бораи ӯ низ ҳамин гуна буд. Аммо пас аз чанд лаҳзаи суҳбат эҳсос намудем, ки ҳар сухани ӯ аз умқи дил берун меояд, самимиву дардолуда аст. Ва дарди тоҷиконаву тоҷикободона дорад.

Оре, Диловар зодаи ноҳияи Тоҷикобод аст. Дар хонадони омӯзгор ва шоир Сиҷоуддин Орзуев ба дунё омада, дар ҳамин ҷо ба воя расидааст ва айни ҳол кору фаъолият дорад. Аввал Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, пасон факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Вале асосан бо соҳибкорӣ шуғл меварзад. Дар тӯли чанд соли фаъолият Диловар Орзуев дар зодгоҳаш –ноҳияи Тоҷикобод якчанд корхона ифтитоҳ намуда, дасти чандин нафарони эҳтиёҷмандро гирифтааст. Корхонаи мебелсозӣ ва дӯкони фурӯши мебел, толори тенниси рӯйимизӣ, фитнес-клуб, ҳаммом, сартарошхона, мағозаи шабонарӯзӣ ва мағозаи молҳои маҳаллӣ аз ҷумлаи корхонаҳоеанд, ки ин ҷавони 31-сола бунёд намудааст. Дар корхонаҳои ӯ аллакай зиёда аз 50 нафар ҳамдиёронаш соҳиби ҷойи кор гардидаанд, ки бештари онҳоро ҷавонон аз оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд  ташкил медиҳанд. Одамони зиёде, ки аз кумакҳои Диловар баҳраманд гардидаанд, дуои баракати умру ҷонашро мекунанд. Имрӯзҳо бошад, Диловари саропо орзу азми қавӣ дорад, ки фаъолияташро вусъат бахшад.

- Диловар, шумо фаъолияти хешро ба ҳайси омӯзгор оғоз намудаед. Чӣ водор намуд, ки ба соҳибкорӣ ва тиҷорат рӯ оред?

- Ман аз сиёсати ободкориҳои Ҷаноби Олӣ, саховатмандиҳо, таваҷҷуҳашон ба масъалаҳои тарбияи насли наврас илҳоми кору зиндагӣ  гирифтаам ва метавон гуфт, ки бо дуои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷода қадам ниҳодаам. Зеро ба донишгоҳ бо квотаи президентӣ дохил шуда будам.

- Соҳибкориро аз чӣ оғоз намудед?

- Аз сохтани мебел. Пас аз хатми донишгоҳ ва муддате чун омӯзгор кор кардан мушкилоти зиндагӣ водорам намуд, ки барои кор ба Федератсияи Россия равам. Дар он ҷо мушкилиҳои рӯзгори муҳоҷиронро бо чашми сар дидам, бо корҳои гуногун машғул шуда, ахиран корхонаи мебелбарориро созмон додам. Баъди бозгашт ба Ватан чанд диван сохта, онро ба фурӯш баровардам ва… ба хулосае омадам, ки агар бихоҳем, худамон дар ҳамин ҷо ҳам корхона бунёд намуда, соҳиби ризқу рӯзии худ гардида метавонем. Шукр, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият сарварони ноҳия ҳамеша дастгириам мекунанд. Инак, то имрӯз ман ин нияти хешро амалӣ менамоям.

- Иншооти калонтарини ташкилкардаи шумо- маҷмааи варзишист, ки дар рӯзи таҷлили Наврӯзи соли гузашта мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Аз ин маҷмаа шумо ҳамчун соҳибкор чӣ манфиате мебаред?

- Меандешам, ки манфиатро танҳо бо пул чен кардан, андоза гирифтан лозим нест. Бо варзиш машғул шудани касе аллакай манфиат аст. Баъдан, вақте наврасон бо варзиш фаро гирифта мешаванд, беҳудагардӣ намекунанд, ба низому тартиб одат пайдо менамоянд, хушқомату зебо мешаванд…

Маҷмааи варзишӣ аз толори гӯштӣ, маҳфили фитнес, тенниси рӯйимизӣ  ва сартарошхонаву ҳаммом иборат аст. Ҳамааш ба беҳтар гардонидани зиндагӣ ва саломатии наврасону ҷавонон нигаронида шудааст. Ба наздикӣ маҳфили варзишие ифтитоҳ меёбад, ки дар он мо — ҷавононро бо навигариҳо ва падидаҳои варзишии ҷаҳон  ошно месозем. Мекӯшем, ки онҳо дар замони ҷаҳонишавӣ ҳамқадами замон бошанд.

- Мегӯянд, ки нақшаҳои доштаатон аз корҳои то имрӯз анҷомдодаатон бештаранд…

- Нақшаҳо зиёданд ва дар ноҳия қариб ҳама аз ин нақшаҳо огаҳанд.  Диловар Орзуев орзу дорад, ки бо кумаку дастгирии раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳ.Ҳ. Алиев дар ноҳия кӯдакистони хусусӣ, китобхона, коргоҳи асбобҳои пластикӣ, корхонаҳои нонпазиву дӯзандагӣ, сехи истеҳсоли обҳои газнок, толорҳои шоҳмоту волейбол, ошхонаи шабонарӯзӣ ва чанд коргоҳи дигар бунёд намояд. Ман танҳо он корхонаҳоеро номбар менамоям, ки баҳри бунёди онҳо заминаи боэътимод мавҷуд аст. Ҳамчунин мехоҳам барои ҷавонони боистеъдод як синфхонаро бо асбобҳои зарурии мусиқиву радиотехникӣ пурра муҷаҳҳаз намоям. Орзуи бузурги дигари ман он аст, ки дар маркази ноҳия литсей ё коллеҷи ҳунаромӯзӣ вуҷуд дошта бошад. Агар ин нақшаҳо амалӣ гарданд, ҷавонони зиёде соҳиби касбу ҳунар ва ҷойи кор мегарданд.

- Пас монеае вуҷуд надорад?

- Монеаҳо нестанд, лекин мушкиле дорем. Тиҷорату соҳибкории мо комилан шаффоф асту мо ягон сомонии бадастовардаамонро пинҳон намедорем ва қисми асосии хароҷотро аз ҳисоби тиҷорати хеш мепардозем. Вале, баъзан аз бонк қарз гирифтан низ зарур мешавад, ки фоизи он ба андешаи ман гаронтар аст. Бисёр мехостам ва соҳибкорони дигар низ дар орзуи чунин рӯзеанд, ки лоақал барои онҳое, ки дар андешаи беҳбуд бахшидани рӯзгори мардуманд, ин фоизҳо пасттар карда шаванд. Шояд чунин имконияте вуҷуд дошта бошад? Дар он ҳолат мо метавонистем, шахсони дигарро низ, ки соҳиби маблағҳои калонанду бо баъзе сабабҳо маблағҳояшон беҳуда хобидаанд, ба кори худ шарик гардонем. Раванди ободкориҳоро тезонем.

Дар ҳама ҳолат андешаи ман ин аст, ки соҳибкорони маҳаллӣ ва хусусан, ҷавононро имтиёзҳо додан лозим аст, то муҳтоҷи бегонагон нагардем.

Н. НИЗОМӢ, журналист