-Дар ҷомеа оила рукни муҳим маҳсуб меёбад. Сарвари оила дар назди ҷомеа масъулияти бузургро ба дӯш дошта, вазифадор аст, ки барои пойдории оилаи худ тамоми имконотро истифода барад,- мегӯяд мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт Қурбонгул Халилова.
Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 эълон гардидани «Соли оила» маънии онро дорад, ки Президенти мамлакат муҳимияти масъаларо ба инобат гирифта, барои бунёди оилаҳои солим чораву тадбирҳои зарурӣ андешиданро зарур мешуморад.
Бояд иқрор шуд, ки солҳои охир аксари волидайн ба тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Мо оид ба бунёди оила, вазифаҳои он дар назди ҷомеа ва давлат, тарбияи фарзандони солим ва соҳиби ахлоқи ҳамида қадри зарурӣ кӯшиш ба харҷ намедиҳем. Баъзе падару модарон шояд фаромӯш кардаанд, ки тарбияи фарзанд масъулияти бузург аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки вайрон гардидани оилаҳо зиёд шуда истодааст. Омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва оиладорӣ, пеш аз ҳама, вазифаи падару модар аст. Модарон дар ин самт метавонанд мураббӣ барои духтарон бошанд. Ҳанӯз айёме, ки дар мактаби миёна таҳсил мекардам, шоҳид будам, ки занони рӯзгордида оид ба оила ва оиладорӣ, тарбияи фарзанди солеҳ барои духтаракони мактабхон панду андарз мегуфтанд ва аз рӯзгори худ мисолҳо меоварданд.
Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 чунин омадааст:
«Бо дарназардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад.
Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад».
Ин дастури Роҳбари давлат метавонад барои ислоҳ намудани нуқсони тарбия ва пешгирии раванди пош хӯрдани оилаҳои ҷавон саҳми сазовор гузорад. Дар баробари ин, зарур ва ногузир аст, ки падару модар низ бетарафиро ихтиёр накунанд.
Президенти мамлакат дар Паёми худ хеле равшан оид ба бепарвоии падару модар дар раванди таълиму тарбия сухан ронда, минҷумла гуфтанд: «Вале, мутаассифона, то ба имрӯз аксари падару модарон баъди ёздаҳ сол, яъне танҳо дар давраи имтиҳоноти хатми мактаб ва озмоишҳои тестӣ огоҳ мешаванд, ки фарзандашон бояд соҳиби касбу ихтисосе шавад.».
Ин эроди Сарвари давлат аз ҳаёти мо гирифта шудааст ва ҳақиқати бебаҳс аст. Масъалаи муносибати хушдоман ва келин низ хеле муҳим аст. Ба оила духтаре ворид мегардад, ки дар муҳити дигар ва аз ҷониби шахсони дигар тарбия гирифтааст. Хушдоман ба ҳайси зани рӯзгордида ва таҷрибаандӯхта бояд ӯро дар қатори фарзандонаш қабул кунад. Даҳҳо занонро медонам, ки бо келин муносибаташон хуб аст ва шахси бори аввал ба хонадони онҳо меҳмонгардида, пай намебарад, ки ин духтар келини соҳибхона аст ё фарзандаш.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2014 мо ба 1438 оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ додем, аммо дар ин росто, давоми сол пош хӯрдани 56 оила дар ноҳия ба қайд гирифта шуд. Ин масъалаи доғи рӯз аст, зеро вайрон гардидани оила боиси он мегардад, ки фарзандони он хонадон таълиму тарбияи ба талаботи рӯз мувофиқро соҳиб шуда наметавонанд.
Бахши САҲШ-и ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо тартиб додааст. Итминон дорем, ки бо дастгирии аҳли ҷомеа дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил мегардем, -гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»