Омодагӣ ба мавсими обёрӣ

№44 (3029) 09.04.2013

РӮДАКӢ. ( Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Бо иқдоми Ассотсиатсияи оби «Ҷӯйи Мавлоно» ва ғайрату ҳиммати аҳолии деҳоти «Гулистон» беш аз 1100 метр ҷӯйи асосие, ки аз байни деҳаҳо мегузарад, тоза ва барқарор гардид. Дар ин бобат сокинони деҳоти Тезгари боло, Тезгари поён ва Меҳан саҳми арзанда гузоштанд.

- Ин ҷӯй барои обёрии киштзор ва истифодаи дигар корҳои хоҷагӣ аҳамияти муҳим дорад ва беш аз 30 сол аст, ки аз ҷониби аҳолӣ ҳар сол дастӣ тоза карда мешуд. Имсол мо барои ин кор техникаро сафарбар карда, беш аз 700 тонна лойи онро тоза намудем. Аҳолии деҳот низ ба тариқи ҳашар дар ин кор саҳм гузоштанд,- гуфт ба хабарнигорамон раиси Ассотсиатсияи оби «Ҷӯйи Мавлоно» Ҳодӣ Тоиров.