Озмуни «Кадбонуи ҳунар»

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

ВАҲДАТ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи модар суҳбату вохӯриҳо ҷараён доранд. Бонувони ҳунарманди шаҳр озмуни «Кадбонуи ҳунар» — ро баргузор менамоянд. Мақсад аз чунин вохӯриҳо ва ташкили озмун баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ, ба зиндагӣ омода намудани духтарони ҷавон, пешгирии хушунати хонаводагӣ, аз байн бурдани одатҳои номатлуби худсӯзию худкушӣ дар ҷомеа мебошад.