Зимни сафари хизматӣ ба шаҳри Роғун, мушоҳида кардем, ки дар баробари ободонию тозаву озодагии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр мардум орому хушҳол аз пайи кору ташвишҳои рӯзгоранд. Баъд аз иштирок дар ҷаласаи дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баргузоршуда, ҳангоме бо сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун полковники милитсия Саидов Тағаймурод Одинаевич вохӯрдем, мушоҳидаҳои мо тасдиқи худро ёфт. Аввалин сухане, ки баъди шиносойӣ вай иброз намуд, ин буд, ки «Дар шаҳри Роғун мо аз мардум ва мардум аз мо розӣ аст». Самимона кор бурдан бо мардум, қабули хуб ва сари вақт шунидани арзу матлаби шаҳрвандон, сарфи назар аз кору вазифа ва синну сол, кӯмак расондан дар ҳалли мушкилоти онҳо эътимоди мардумро ба кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот зиёд карда, ба пешгирии ҳаргуна ҷиноятҳо, ҳалли қазияҳои бавуҷудомада ва дар маҷмуъ таъмини волоияти қонун, мусоидат мекунад.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов низ мунтазам ба роҳбарони бахшу шуъбаҳои дар маҳалҳо будаи мақомот чунин дастуру фармоишҳо медиҳад. Дар ин замина, полковник Т. Саидов аз он изҳори хушӣ кард, ки давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳр ягон ҳодисаи худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин давраи соли гузашта чунин ҳолатҳо буданд, аз ҷумла ду ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин нишондоди хуб натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни мардум, гузаронидани чорабиниҳои зарурӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Чорабиниҳои мо асосан дар робита ба иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» якҷоя бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сурат гирифтанд. Зимни суҳбату мулоқотҳое, ки дар ин замина мунтазам дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо баргузор мегардад, моҳияти ин қарорҳо, ки ба танзими паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва дар маҷмуъ ба беҳбуди рӯзгори мардум бахшида шудааст, фаҳмонида дода мешавад. Ба мушоҳида мерасад, ки зимни мулоқотҳо мардум бо мо ҳамовоз шуда, омодагии хешро баҳри иҷрои талаботи қонунҳои зикршуда иброз менамоянд. Дар ин бобат ҳамкории кормандони шуъба бо мардум мустаҳкам гардида, эътимоди онҳо ба милитсия афзудааст. Чунончӣ, вобаста ба қонунҳои зикршуда давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 117 нафар шаҳрвандон ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Роғун муроҷиат карданд ва вобаста ба муроҷиати онҳо масъалаҳои мавҷударо сари вақт баррасӣ ва барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо кӯшиш ба харҷ додем. Дар давраи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ду ҳолати вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», чор ҳолати вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва ҳафт ҳолат вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба қайд гирифта шуд.
Дар шаҳри Роғун бинои Шуъбаи ВКД барои фаъолияти ҳайати шахсӣ ва кормандон мувофиқ ва дорои тамоми шароит мебошад. Тавре Тағаймурод Саидов дар ин бора гуфт, яке аз омилҳои пешрафти кор дар таъмини шароити хуби кори кормандон ва ҳавасмандии онҳо мебошад. Аз лиҳози таъминот бо техника, нақлиёти зарурӣ ва сарулибоси низомӣ низ камбудӣ нест. Ҳуҷраҳои кори кормандон босифат аз таъмир бароварда шудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки фаъолияти кормандони мо мунтазам беҳтару хубтар мешавад, онҳо бо дарки масъулияти баланд баҳри таҳкими волоияти қонун ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ саъю кӯшиш менамоянд. Аз ҷониби кормандони мо давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 39 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ошкоркунии ҷиноятҳо рӯ ба афзоиш ёфтааст.
Ҳайати шахсӣ ва кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Роғун дар оянда низ тамоми қувваю дониши хешро баҳри тинҷиву оромии ҷомеа, пешгирии қонуншиканиҳо, таҳкими волоияти қонун равона месозанд,- гуфт дар охири суҳбат полковник Тағаймурод Саидов.