Мо хушҳолем ва шукр мегӯем, ки имрӯз дар Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободонию созандагӣ бомуваффақият ҷараён дорад. Мисоли равшани ин сохтмону азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард аст, ки аҳамияти бузурги таърихӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Мо дар яке аз деҳаҳои шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат зиндагӣ мекунем. Ин шоҳроҳ низ солҳои охир азнавсозӣ ва ҳамвору васеъ шуд. Мутаассифона, дар баробари ин зиёд шудани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар ин масир боиси ташвишу изтироб гардидааст.
Давоми як моҳи охир дар рӯ ба рӯйи деҳаи мо се чунин ҳодиса рух дод, ки дар натиҷа як наврас ба ҳалокат расид, якчанд ронандаю мусофирони нақлиёт ва як кӯдак захмӣ гашта, ба беморхона афтоданд. Сабабҳои чунин садамаҳо гуногунанд, аз ҷумла баланд кардани суръати ҳаракати нақлиёт ва аз уҳдаи идора кардани он набаромадани ронандагон, бепарвоии пиёдагардон ва ғайра. Дар назди деҳаи мо бошад, яке аз сабабҳои рух додани садамаҳои нақлиётӣ номувофиқ ва ё тамоман набудани гардишҳо аст. Ронандаи воситаи нақлиёт барои аз деҳаи Тезгари Поён ба шоҳроҳ баромада, гардиш кардан бояд то ба маҳаллаи ҳамсоя равад, ки ин сарфи вақт ва сӯзишвориро талаб мекунад. Пеш аз таъмири роҳ гардишгоҳҳо мувофиқи қоида дар 200-300 метри баромад аз деҳа дар ду ҷониб мавҷуд буд. Ҳоло тамоми нақлиёт аз гузаргоҳи барои пиёдагардон ҷудогардида гардиш мекунанд, ки дар натиҷа ба нақлиёти дар ҳар ду самт ҳаракаткунанда ва пиёдагардон хатару монеа эҷод мешавад. Бинобар ин, рӯзе нест, ки ягон ҳодисае дар ин ҷо (минтақаи дар паҳлуи деҳаи Тезгари Поён воқеъбуда) рух надиҳад. Дар ин бора мо ба Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ номаи дархост ирсол кардем.
Аз шумо низ хоҳиш менамоем, барои ҳалли масъалаи мазкур, яъне барқарор кардани гардишгоҳҳо дар ин мавзеъ ва ба ин восита ба пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, мусоидат намоед.
Ҳодӣ ТОИРОВ, раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Тезгари Поёни Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ. Ҷамъ 17 имзо