Дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм бо ибтикори Дафтари саҳроии САҲА дар Тоҷикистон ва иштироки мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, раисони дигар ҳизбҳое, ки дар ҳудуди минтақа фаъолият доранд ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Тавилдара мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро мушовири роҳбари Дафтари саҳроии САҲА дар ноҳияи Рашт Айниддин Раҳмонов кушод.
Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт Амирхӯҷа Маҳкамов атрофи масъалаи «Таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Рашт» сухан кард. Аз ҷумла зикр гардид, ки сол то сол сокинони ноҳия муҳимияти масъалаи таъмини амнияти озуқавориро хубтар дарк намуда, барои амалӣ намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи амнияти озуқаворӣ диққати махсус дода, чунин таъкид намуд: « Яъне вобаста ба таъмини амнияти озуқавории кишвар мо бояд кӯшиш кунем, ки дар солҳои наздиктарин талаботи мамлакатро ба аксарияти молҳои озуқаворӣ тавассути афзоиш додани истеҳсоли дохилӣ қонеъ намоем».
Дастури Сарвари давлат моро вазифадор менамояд, ки дар ин самт чораҳои мушаххас андешем.
-Барои он, ки картошка-парварӣ дар ин минтақа рушд намояд,- гуфт дар баромадаш соҳибкор Шомуддин Алиев аз ноҳияи Тавилдара, — бояд тухмии хушсифат дастрас намоем. Тамоми тухмиҳое, ки аз беруни мамлакат ворид мегарданд, гирифтори беморӣ мебошанд.
Агрономи соҳибтаҷриба Худойназар Ғоибов чунин иброз дошт:
- Вақти он расидааст, ки мо барои истеҳсоли тухмии худӣ талош намоем. Солҳои зиёд аст, ки ман дар ин соҳа кор мекунам. Шукр, ки имрӯз имконияти сохтани анборҳо барои нигоҳ доштани тухмии истеҳсоли худӣ, ҷудо намудани замин барои тайёр намудани тухмии ба иқлими мо мувофиқ мавҷуд аст ва ин омил имконият медиҳад, ки аз як гектар замин то 750 сентнерӣ ҳосил гирем.
Соҳибкор Ҳодӣ Саидхоҷаев дар мавзӯи «Рушди соҳаи боғдорӣ» андешаҳояшро баён намуда, таъкид кард, ки айни ҳол дар ноҳияи Рашт чандин хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ фаъолият карда истодаанд. Масъалае, ки маро ба ташвиш овардааст, нестшавии навъи ноки ғармӣ мебошад. Ин намуди нок аз рӯи таъм аз нокҳои дигар ба куллӣ фарқ дорад. Сабаби асосии нестшавии нок ба беморӣ гирифтор шудани дарахтон аст. Барои нест кардани беморӣ заҳрҳои кимиёвии имрӯза кумак намерасонанд.
Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Тавилдара ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбҳо низ оид ба роҳҳои аз байн бурдани мушкилоти кишоварзон ва рушди соҳа сухан карданд.
М. Диловар, «Садои мардум»