Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҷиҳати ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллидошта пурра масъулият доранд ва онҳоро бояд мувофиқ ба талаботи стандартҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустақилона амалӣ намоянд. Ҷамоати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат фаъолияти худро мувофиқи талаботи ҳамин қонун ба роҳ мондааст.
Аз суҳбат бо раиси Ҷамоати деҳоти мазкур Сироҷиддин Ғиёсов маълум гашт, ки дар 26 деҳаи ҳудуди деҳот қариб 42 ҳазор нафар зиндагӣ менамоянд. Тавре аз моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бармеояд, таъсис додани корхонаҳои коммуналӣ, кооператив, устохонаву сехҳои ҳунарҳои халқӣ, дастгирии ташаббусҳо оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳал аз ҷумлаи ваколатҳои Ҷамоати деҳот маҳсуб меёбанд.
Тавре Сироҷиддин Ғиёсов гуфт, дар ин самт тадбирҳои зиёде амалӣ мешаванд. Алҳол ба аҳолии деҳот корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи пластикӣ, мебелбарорӣ, кафшергарӣ хизмат мерасонанд. Баробари иҷрои ниёзи мардум бештар аз сад нафар имкон пайдо намуданд, ки соҳиби ҷойи кори доимӣ гарданд.
Дар ду фермаи хусусӣ бист нафар ба парвариши чорвои калони шохдор машғул мебошанд. Сехи коркарди шир чор намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол менамояд, ки он ба нуқтаҳои фурӯш бароварда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди рушд бахшидани соҳибкорӣ дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша таъкид менамоянд, зеро саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хеле калон мебошад. Айни ҳол дар ҳудуди деҳот беш аз 80 нафар соҳибкорон фаъолият доранд.
Аз ҳисоби соҳибкорон дар деҳаи Чаман бунгоҳи тиббӣ ва маркази муоинаи техникӣ сохта шуд. Бо маблағи соҳибкорон дар деҳаи Андигон сохтмони бунгоҳи тиббӣ идома дорад. Бо ташаббуси соҳибкор Эмомалӣ Азимов роҳи байни деҳа ба масофаи 10 километр таъмири асосӣ гардид. Дар бахши кишоварзӣ низ соҳибкорон иштироки фаъолона доранд. Ҳоло сохтмони гармхонаҳо бо иштирок ва дастгирии соҳибкорон идома дорад, ки масоҳати як гектарро ташкил медиҳад. Баробари ба истифода додани гармхонаҳо тамоми фаслҳои сол сабзавоти тару тоза истеҳсол ва чандин нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хоҷагиҳои ҷамоавӣ, соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ низ машғуланд. Алҳол дар ҳудуди деҳот 1470 хоҷагии деҳқонӣ, се хоҷагии ҷамоавӣ ва хоҷагии кооперативии ба номи Ҳокими Азим фаъолият доранд. Майдони умумии кишт 3964 гектарро ташкил медиҳад ва бештар аз се ҳазор нафар саҳмдорон ба парвариши зироати кишоварзӣ шуғл меварзанд. Туфайли меҳнати кишоварзон истеҳсоли ғалла, сабзавот, картошка, пахта сол то сол зиёд шуда истодааст.
Шароиту имконият дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустиву фарҳангӣ беҳтар гашта истодааст. Дар 22 муассисаи таълимӣ ва як литсейи касбии техникӣ беш аз 7 ҳазору 600 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба толибилмон 410 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки 196 нафари онҳо аз ҷумлаи занонанд.
Ба сокинони деҳот дар 18 муассисаи тиббӣ 133 нафар корманди тиб хизмат мерасонанд.
Идомаи суҳбати мо бо раиси ҷамоат доир ба иштироки вакилони ҷамоат дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта сурат гирифт. Тавре дар моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» омадааст: «Ҷамоат аз вакилон иборат буда, дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим интихоб мешаванд. Ҳар як деҳа, новобаста аз шумораи интихобкунандагонаш, дар ҷамоат бояд ҳадди ақал як нафар намоянда дошта бошад». Бо риояи талаботи қонуни мазкур 34 вакили ҷамоат интихоб шудааст.
Бо мақсади баррасии пешакӣ ва тайёр намудани масъалаҳо, инчунин иҷрои қарорҳои ҷамоат, шӯрои ҷамоат ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби вакилон комиссияҳо таъсис дода мешаванд.
Чунин комиссияҳо дар ҷамоати мо ташкил шудааст. Комиссия доир ба тозагӣ, санитарӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки раисаш вакили ҷамоат Шарифгул Ёқубова мебошад, фаъолияти хуб дорад. Комиссияҳо вобаста ба масъалаҳои марбутаашон рейду тафтишҳо мегузаронанд, ки натиҷаи онҳо дар маҷлисҳои ҷамоат баррасӣ мешаванд.
Вакилони ҷамоат Аъзам Раҳимов, Шамсулло Абдукаримов, Бозорбой Мӯсоев аз ҷумлаи фаъолон мебошанд. Комиссияҳои ҷамоат доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ хеле фаъоланд ва тадбирҳои зиёдеро дар ин самтҳо амалӣ менамоянд. Натиҷаи ҳамин чораҷӯйиҳо буд, ки давоми соли равон доир ба ин масъала қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд. Бо кумаки вакилони ҷамоат дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон 14 нафар духтарон, ки аз мактаб дур монда буданд, дубора ба таълим фаро гирифта шуданд.
Мусоидат дар ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳарбӣ аз ҷумлаи дигар ваколатҳоест, ки ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузор шудааст. Тавре аз суҳбат бо раиси ҷамоат Сироҷиддин Ғиёсов маълум гардид, дар натиҷаи бо кумаки вакилони ҷамоат дар байни аҳолӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мушкилоти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳал гардид. Хоҳишмандони хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷавонон зиёд шудааст.
Мутобиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоат шахсони ниёзманд ба қайд гирифта шудаанд. Дар дастгирии иҷтимоии онҳо соҳибкорон ва дигар шахсони саховатманд кумак мерасонанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»