Шукри неъмат

№56-57 (3357-3358) 20.04.2015

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод ҷаласаи фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид. Ҷаласаро раиси ноҳия Сайдамир Сиёмардзода ифтитоҳ намуд. Ӯ дар суханронии хеш оид ба дастовардҳои сокинони ноҳия дар панҷ соли охир ибрози назар намуда, аз пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ барои иштирокчиёни ҷаласа мисолҳо овард. Соли 2014-ро барои сокинони ноҳияи Нуробод соли дастоварду комёбиҳо ном бурд. Аз ҷумла зикр кард, ки соли гузашта корҳои ободонӣ ва рӯйдодҳои фарҳангӣ дар ноҳия хеле зиёд ва хотирмон буданд. Кашидани хатти оби нӯшокӣ аз мавзеи Ғузей ба шаҳраки Дарбанд, сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ, таъмиру тармими роҳҳо, таъмини эҳтиёҷмандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмини буҷети ноҳия то ба 100,5 фоиз як ҳиссаи корҳои анҷомдода мебошад.

Мавсуф афзуд, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат чун чароғи роҳнамо ва ҳуҷҷати муҳим дар назди мо вазифаҳои навро гузоштааст. Мехостам ёдовар шавам, ки Роҳбари давлат соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд, ки саривақтӣ аст. Маҳз оилаи солим барои устувории ҷомеаи мо ва мустаҳкамии имрӯзу фардои давлати тоҷикон хизмати шоиста карда метавонад. Оилаи солим метавонад дар тарбияи фарзандони соҳибтаҳсилот ва тарбияи хубдида саҳм гузорад.  Мо-фаъолони ноҳия байни аҳолӣ бояд корҳои фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ монем, то дар бунёди оилаҳои ҷавон ба саҳлангорӣ ва беандешагӣ роҳ дода нашавад. Дар ин ҷода мавқеи муассисаҳои таълимӣ бояд дар ноҳия равшан бошад. Омӯзгорон дар қалби наврасон муҳаббатро ба илмомӯзӣ зиёд намоянд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ҷавонон дар интихоби касб хато накунанд. Бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ байни духтарон бештар ба роҳ монда шавад. Агар модар саводи кофӣ дошта бошад, фарзандони ӯ низ таълиму тарбияи хуб мегиранд.

Ҳар як сокини ноҳия хизматҳои Сарвари давлатамонро дар барқарории сулҳу салоҳ дар мамлакат, ваҳдату дӯстии сокинони он, ободию нашъунамои кишвар медонанд ва арҷгузорӣ менамоянд. Вазифаи мо — фаъолони ноҳия он аст, ки муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар сокини ноҳия фаҳмонда тавонем.

- Соли равон мо бояд нисбати соли гузашта дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ корро хуб ба роҳ монем ва муваффақияти бештар ба даст оварем. Маҳз дар натиҷаи меҳнати софдилона ба хотири фардои Ватани азиз метавонем ин гӯшаи диёри кишварро обод ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намоем, — гуфт дар хотимаи суханаш раиси ноҳия Сайдамир Сиёмардзода.

Сипас, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 аз деҳоти «Сафедчашма» Қаноат Раҳматов оид ба хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифаҳои ҳар фарди солимақли ҷомеа дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ сухан кард.

–Дар замоне ки нисфи дунё дар оташи ҷангу кашмакашҳои бузургманишӣ ва бозиҳои мазҳабӣ месӯзад, шукри беҳад, ки Тоҷикистони мо рушду инкишоф меёбад. Ҳар рӯз дар кишвари мо шаҳру деҳаҳо симои худро дигар мекунанд. Зиндагии мардум хуб аст. Ин неъматро Худованд ба туфайли Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардонидааст ва мо бояд шукронаи неъматро кунем,- гуфт ӯ.

Сокини деҳаи Қумоқ Амриддин Хонов  аз рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуд ва аз тарафи хоинони миллат, ки худро ҳомии ислом меномиданд, воқеаи кушта шудани падарашро барои аҳли маҷлис қисса кард. Мавсуф бо дарду алам дар бораи ҳамчун ятимбачаҳо ба воя расиданаш, ғамхории давлат нисбати ятимон сухан карда, андешаҳояшро оиди  аз ҷониби мусалмон кушта шудани мусалмон, ки хилофи фармудаҳои дини мубини Ислом аст, баён намуд.

Шаҳнозаи Шукрихудо, ки тариқи квотаи президентӣ соҳиби таҳсилоти олӣ гардида, ҳоло ба шогирдон аз фанни забони англисӣ сабақ меомӯзад, аз номи духтарони ноҳия ба Президенти мамлакат барои ғамхории падаронаашон дар таълиму тарбияи духтарони  навоҳии дурдаст арзи сипос намуд.

Омӯзгори ҷавон Меҳромуддин Барфов ба ҳаракатҳои ифротӣ ва тундрав гаравидани бархе аз ҷавононро гирифтории онҳо ба ҷаҳолат ва паст будани дараҷаи маънавиёташон номид, зеро ҷавонони босавод ва тарбиятгирифта ҳеҷ гоҳ ба корҳои бад даст намезананд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки барои халқи худ ва Ватани азиз кори некеро анҷом диҳанд.

Ҳамчунин Мирзомуддин Аслонов, Фароғат Ҷамолова, Зафар Ҳисориев атрофи Паёми Президенти мамлакат ва суханронии раиси ноҳия ибрози назар намуданд.

Дар поёни ҷаласа фаъолони ноҳия ба роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, Муроҷиатнома қабул карданд. Дар Муроҷиатномаи мазкур, аз ҷумла омадааст:

«Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи мост. Агар мо худро фарзанди содиқу сарсупурда донем, ба умеди ягон кас нашуда, бо неруи бозувони худ дар эъмори бинои муҳташами он нақшгузорӣ менамоем, зеро ягон бегона ва ё аҷнабие дар фикри ободиву осудагии мо нахоҳад буд.

Мо як маротиба дар замони давлатдории Сомониён иштибоҳ кардем ва ба бегонагон эътимод намудем, аммо дар ҷавоб хиёнат дидем. Дар натиҷа 1000 сол бе тахту тоҷ мондем.

Таърих ва тамаддун миллатеро чун тоҷикон соҳибфарҳанг ва сулҳҷӯ надидааст. Тоҷикон ба тамоми мардуми олам фақат некиву некукориро раво мебинанд.

Вақти он расидааст, ки аз сабақҳои талхи таърих дарси ибрат бигирем ва аз як гиребон сар барорем, зеро «Зӯри мушт дар ваҳдати ангуштон» гуфтаанд».

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»