Шукри Ваҳдат мекунанд

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Дар шаҳри Роғун тибқи нақша-чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои гуногун доир мешавад. Аз ҷумла гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти роҳбарии раиси шаҳри Роғун Шариф Шарипов  бо сокинони деҳот ва кормандони корхонаю муассисаҳо вохӯриҳо мегузаронанд. Чунин як вохӯрии хотирмон дар  деҳаи Қандаки Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм баргузор гардид.

-Дар ин вохӯрӣ, муовини аввали раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ғиёсов, раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдулқодирзода иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни ифтитоҳи ҷамъомад муовини раиси шаҳри Роғун Муҳайё Юнусова иброз дошт, ки сокинони шаҳри Роғун бо шукргузорӣ аз Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ мекунанду саъй доранд дар ҳама соҳаҳо бо меҳнати хоксорона баҳри ободии Ватан саҳмгузор бошанд.

Ба тақвияти гуфтаҳои эшон, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Роғун Асомиддин Фатҳуддинов оид ба ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дод. Сипас, номбурдаҳо ба саволҳои аҳли нишаст посух доданд,- гуфт ба хабарнигорамон мудири шуъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун Абдухолиқ Ҷойлобов.

Мавсуф ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ чорабиниҳои оммавӣ баргузор  мегарданд. Дар китобхонаҳои шаҳру деҳот намоишгоҳҳои китоб ташкил карда шуд, ки аз он оид ба ҷараёни корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар кишвар, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвар ва ғайра маълумот ба даст овардан мумкин аст. Дар қасри фарҳанг бо ширкати гурӯҳи санъаткорон аз шаҳри Қӯрғонтеппа, таҳти роҳбарии Аловуддин Абдуллоев  ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти дилнишин баргузор гардид. Дар арафаи ин ҷашни ифтихорӣ бо ҳиммати соҳибкорон Сӯҳроб Зардов, Анқо Холов ва Давлатмурод Мунавваров дар маркази шаҳр марказҳои савдои масолеҳи сохтмонӣ ва молҳои омехта, дар Ҷамоати шаҳраки  Оби Гарм гармобаи «Анқо» бунёд ёфт. Илова бар ин, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми маҳаллаҳои аҳолинишин ва маркази шаҳр ҳашарҳои умумӣ гузаронида, корҳои зиёди ободонӣ анҷом дода шуданд.

К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»