Соҳибкорон ҷойи кор муҳайё мекунанд

№67 (3052) 06.06.2013

ФАЙЗОБОД. (Маҷид ҲОМИДОВ)Соҳибкор Лутфулло Ҳалимов ҳамроҳи бародаронаш дар маркази ноҳияи Файзобод бинои сеошёна бунёд намуд. Бино бо маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст. Ошёнаи якум мағозаи хӯрокворӣ, ошёнаи дуюм ошхонаи миллӣ ва ошёнаи сеюм хонаи истиқоматӣ мебошад. Дар ин ҷо 10 нафар ҷавонони бекор соҳиби машғулияти доимӣ шуданд. Соҳибкори дигар Ҷамшед Ғафуров низ бинои сеошёнаро сохта, ба истифода дод, ки аз толори варзишӣ, коргоҳи дӯзандагию пазандагӣ ва маркази истироҳатӣ иборат мебошад.