Деҳоти «Пилдон»-и ноҳияи Ҷиргатол аз панҷ деҳа иборат аст. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди ин мавзеъро ба ҳисоб гирифта, дар ин минтақа Корхонаи воҳиди давлатии «Ниҳолпарвар»-ро ташкил намудааст. Аксари сокинони ин мавзеи зебои кишвар ба соҳибкории хурду миёна машғул мебошанд.
Вохӯрии раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷаи Зоир бо кишоварзон ва фаъолони деҳоти «Пилдон» дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия суҳбатро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, оид ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия андешаронӣ кард. Иброз гашт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба масъалаи истеҳсолоти дохилӣ диққати махсус додааст. Яъне, ривоҷи истеҳсолоти худӣ имконият медиҳад, ки бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ таъмин шаванду нарх арзон гардад, аз тарафи дигар сатҳи зиндагии кишоварзон боло равад. Вобаста ба ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкид кардаанд: «Дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад».
Фаъолони ноҳия дар маҷлиси васеи назди раиси ноҳия аз 8 январи соли 2015 қароре қабул намуданд, ки тибқи он дар ноҳия соли 2015 «Соли рушди соҳибкорӣ» эълон гардид. Дар муроҷиатномаи фаъолони ноҳия омадааст: «Дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси рушди соҳибкорӣ ба роҳбарӣ гирифта, зикр менамоем, ки соҳибкорӣ яке аз омилҳои асосии ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар ва беҳтар шудани шароити зисти аҳолӣ буда, мо танҳо баъди ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёри шуғл доштан ба онро ба даст овардем.
- Мо — фаъолони ноҳия соли 2015-ро «Соли рушди соҳибкорӣ» эълон намуда, ба ҳамаи соҳибкорон, ҷавонмардони ҳимматбаланд ва шахсони саховатпешаи ноҳия, ки дар раванди ободониву созандагии диёрамон фаъолона ширкат доранд ва ба бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ саҳмгузоранд, изҳори сипос менамоем».
Дар даврони шӯравӣ боғпарварони ин мавзеъ шуҳрати зиёд доштанд ва аз даромади фурӯши мева зиндагии мардуми деҳоти «Пилдон» серу пур буд. Имрӯз низ метавонем шуҳрати пешинро барқарор кунем. Барои ин софдилона меҳнат карданамон лозим аст. Агар мо меҳнати ҳалол кунем, ҳам дастархонамон пур мегардаду ҳам дар пешрафти соҳаи боғдории ноҳия саҳм мегузорем.
Пӯшида нест, ки дар ҳудуди деҳоти «Пилдон» заминҳои обӣ кам мебошанд. Ба мо лозим меояд, ки онҳоро самаранок истифода барем. Яъне, як ваҷаб замини обӣ бояд бекор намонад. Дар ҳудуди боғҳои навбунёд ва аз нав барқароргардида, ки заминҳоро сояи дарахтон намепӯшонад, кишти картошка ва дигар зироатҳо имконпазир аст. Аз ин рӯ, соҳибкорон метавонанд ба картошкапарварӣ машғул шаванд ва аз ин соҳа низ даромади хуб ба даст оранд, — таъкид намуд Умедхоҷаи Зоир.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар мавзӯъҳои пешгирии рафтору кирдори номатлуб, гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, никоҳи хешу таборӣ, «Соли оила» эълон шудани соли 2015, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ғайра суҳбат доир гардид.
Зимни вохӯрӣ чанд нафар аз сокинони деҳот ба музокира баромада, андешаҳои худро баён намуданд.
Собиқадори меҳнат Сайидакрам Шарифов, ки тамоми умри пурбаракаташро ба боғпарварӣ сарф намудааст, аз ҷумла чунин ибрози назар кард:
- Пеш аз ҳама, аз шумо хоҳиш менамоям, ки салому паёми моро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонед. Барои дастгирӣ ва ғамхориҳо мо ва ҳафт пуштамон аз Роҳбари давлат миннатдорем. Бо вуҷуди пирӣ аз ғамхориҳои пайвастаи муҳтарам Президент рӯҳу тавони нав мегирем ва то имрӯз хастагиро ҳис накардаем. Барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ аз таҳти дил меҳнат мекунем. Солҳои охир соҳибкорӣ рушду такомул ёфта, маҳз аз ҳамин ҳисоб аксари сокинони деҳоти мо аҳли оилаашонро таъмин менамоянд. Минбаъд низ барои ривоҷи соҳаи боғпарварӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем ва барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо меваи тару тоза аз таҳти дил меҳнат мекунем. Соҳибкорони мо ният доранд, ки корхонаҳои хурди коркарди мева ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ташкил намоянд. Боварӣ дорем, ки соли 2015 соҳибкорӣ дар ноҳияи мо беш аз пеш рушд меёбад ва соҳибкорони бонангу ори мо дар ободонии диёрамон саҳми сазовор мегузоранд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»