Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба истиқболи ҷашни 23- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти ноҳия бунёд ва тавлиду таҷдиди 37 иншооти сохтмониву барқарорсозиро ба нақша гирифта, қисме аз онҳо дар арафаи ҷашни фавқуззикр ва қисми боқимонда марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Айни ҳол дар ноҳия навбати дуюми сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия ва толори варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт идома дорад. Ҳамзамон сохтмони бинои мактаб барои кӯдакони лаёқатманд дар маҳаллаи Дашти Рашт, бунёди бинои таълимии Омӯзишгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Э. Муҳиддинов, корҳои лоиҳакашии Осорхона дар маркази шаҳраки Ғарм, барқарорсозии шабакаҳои обёриву пойгоҳҳои обкашии ноҳия, корхонаи истеҳсоли орд дар маҳаллаи Сомониён босуръат ҷараён дорад. Корҳои барқарорсозии шабакаи гармидиҳии Маркази саломатии ноҳия, сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Вардуҷ, Ҳисорак, Қалъанак, Зарангак, Зарифӣ, Парвоғ, Ваҳдат, Шоле, Хоҷаалӣ ва боз даҳҳо иншооти дигари дорои таъйиноти гуногун дар марҳилаи анҷомёбист.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»