Таъмиру азнавсозии роҳҳо вусъат меёбад

№129 (3275) 04.11.2014

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баробари бунёд кардани иншооти гуногун, аз ҷумла сохтмони биноҳои баландошёна, таъсиси корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дорои мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои маҳаллӣ низ идома дорад.

Ташкилу ба роҳ мондани чунин тадбирҳо ҳаракати мунтазами воситаҳои гуногуни нақлиётро хеле осон намуда, тамбашавии онҳоро пешгирӣ мекунад. Аз ҷумла ҳоло ҳаракат ба самти беморхонаи марказӣ ва маҳаллаи Гулистони шаҳр беҳтар шуд.

Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои нақлиётии шаҳр ба мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ низ аҳамияти бештар дода, зиёда аз ҳафт километр роҳҳоро аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ бароварданд. Зикр кардан зарур аст, ки дар соли 2014 таъмири роҳҳои дохили шаҳр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хеле хуб дастгирӣ ёфт.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, қисмати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Файзобод-Ҷиргатол, ки тавассути маҳаллаи Исмоили Сомонӣ мегузарад, соли оянда, вобаста ба талаботи давру замон, васеъ карда мешавад.

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳи мошингарди деҳаҳои Меҳрбахш ва Ҷарбошии деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов пурра мумфарш шуд.

Шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб, ки масофаи ҳашт километраш аз дохили маркази шаҳр мегузарад, роҳи калидӣ барои воситаҳои гуногуни нақлиёт маҳсуб меёбад ва айни замон ду тарафи роҳи мазкур пурра чароғон шудааст.

Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмони шаҳр дар баробари тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю гулгаштҳо барои чароғон намудани маркази шаҳр саҳм мегузорад.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»