Дар партави Паёми Президент

Тақвияти низоми касбомӯзӣ

№6 (3152) 14.01.2014

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) зикр гардидааст, ки таъсиси ҷойҳои кории  сифатан нав ва таъмини музди меҳнати арзанда аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, он таҳти назорати доимии Сарвари давлат қарор дорад.

Ҳамзамон Сарвари давлат вазифа мегузорад, ки бо ин мақсад ба масъалаи касбомӯзӣ, бахусус тақвият додани низоми  такмили ихтисос ва фаъолияти марказҳои касбомӯзии калонсолон диққати ҷиддӣ диҳанд.

Дар бораи касбомӯзӣ, соҳиби ихтисос ва ҷойи кор гаштан марказҳои таълимии калонсолон  тадбирҳои зиёдеро амалӣ мегардонанд. Вобаста ба фаъолияти яке аз чунин марказҳои касбомӯзӣ  бо директори филиали Муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод Амраҷон Хуҷумборов ҳамсуҳбат гардидем.

Безимени-2

-Филиали мазкур аз ибтидои соли 2009 ба фаъолият оғоз намуд,- гуфт дар суҳбат Амраҷон Хуҷумборов. -Мақсади асосии таъсиси маркази таълимии мазкур дар муддати кӯтоҳ ба шаҳрвандони бешуғл, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, омӯзонидани касбҳои  коргарие, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй бошанд, иборат аст. Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба филиал бинои чорошёнаи холимондаи собиқ Омӯзишгоҳи касбӣ- техникии №39 дода шуд. Баъди таъмир синфхонаҳо ва утоқҳои корию таълимӣ омода  шуданд.

Дар ҳамкорӣ  бо Ташкилоти ҳамкориҳои Олмон (ГТЗ) ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат синфхонаҳои компютерӣ, консервкунонии меваю сабзавот, устохонаи  кафшергарии барқиву газӣ, дӯзандагӣ, ронандагӣ, корманди бахши иҷтимоӣ бо таҷҳизоти хубу замонавӣ таъмин гардид.

Ҳоло дар филиал мувофиқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 13 ихтисос касб омӯзонида мешавад. Дар филиал 12 нафар мутахассисони соҳибмаълумоту ботаҷриба ба таълим машғул буда, чор нафари онҳо аз ҷумлаи занони маҳаллӣ мебошанд.

Давоми соли 2013 марказ тавонист нақшаҳояшро иҷро намояд. Бо роҳхатҳои марказ дар 59 гурӯҳ бо ихтисосҳои «Омӯзиши асосҳои компютерӣ», «Кафшергари барқӣ», «Дӯзанда», «Занбӯриасалпарвар», «Қаннод», «Ошпаз», «Пазанда», «Омӯзиши забонҳо», «Дуредгар» ва ғайра 11670 нафар касбомӯзон ба таҳсил фаро  гирифта шуданд.

Безимени-1

Талабу дархостҳои шаҳрвандонро ба назар гирифта, дар филиал омӯзиши 27 гурӯҳи худмаблағгузор аз рӯйи ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиши компютер ва забонҳо ба роҳ монда шуд. Дар 86 гурӯҳ 2540 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин 1320 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар байни аҳолӣ, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ кори зиёди фаҳмондадиҳӣ бурда шуд. Дар натиҷа, давоми сол 1485 нафар шахсоне, ки маҳорату малакаи ин ё он касбро доранду ҳуҷҷат надоштанд, соҳиби шаҳодатнома оид ба касби азхудкарда шуданд.

Дар асоси талабу дархости шаҳрвандон ва васеъ намудани фаъолияти касбомӯзӣ аз ҷониби маъмурияти филиал барои кушодани гурӯҳҳо бо ихтисосҳои нави талаботи ҳозираи бозори меҳнат, махсусан ба касбҳои таъмиргари автомобилҳои хориҷӣ, забонҳо (махсусан русӣ ва англисӣ), ронандаи дараҷаи В корҳои назаррас ба анҷом расид.

Дар ноҳияи Рашт дар ярмаркаи минтақавии ҷойҳои холии кор ва дигар ноҳияҳо иштирок намуда, барои ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор  мусоидат карда шуд.

Ҳолати ороишу таҷҳизонидани синфхона ва толорҳои филиал хеле беҳтар гардид. Инчунин дар намояндагиҳои филиал дар ноҳияҳои Нуробод, Ҷиргатол ва шаҳри Ваҳдат синфхонаҳо бо таҷҳизоти нав, аз қабили компютер, мошинаҳои дарздӯзӣ ва дастгоҳҳои кафшергарӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар давоми соли гузашта барои амалӣ намудани дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дӯхтани либосҳои мактабӣ дар минтақаҳо аз ҳисоби филиал дар маркази ноҳияи Тоҷикобод сехи дӯзандагӣ ташкил шуд. Дар он даҳ нафар собиқ хатмкунандагони филиал ба кор ҷалб гардиданд. Таҷрибаомӯзии як гурӯҳи дӯзандагии филиал ҳам дар ҳамин сехи дӯзандагӣ гузашт. Бо дархости мактабҳо сарулибоси мактабӣ аз ҷониби кормандони ин сехи дӯзандагӣ омода шуд. Ҳамчунин дигар муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ ба ин сех дархостҳои худро пешниҳод менамоянд.

Тавре роҳбари филиал мегӯяд, Маркази таълимӣ соли ҷорӣ ба анҷом расонидани як қатор чорабиниҳоро дар нақша дорад. Аз ҷумла, дар  деҳоти дурдасти «Ширинчашма» ва «Лангари шоҳ» курсҳои дӯзандагӣ ва  кафшергарӣ кушода ва дар минтақаи  Лахши ноҳияи Ҷиргатол гурӯҳҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ ва омӯзиши компютер роҳандозӣ мешавад. Ба ин васила бошандагони деҳоти кӯҳистон соҳиби ихтисос ва ҷойи кор мегарданд.

Дар идомаи суҳбат директори Муассисаи давлатии Маркази таълимии  калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод Амраҷон Хуҷумборов гуфт, ки бо як қатор  созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ташкилоти Ҳамкориҳои Олмон, Каритас, Фонди Аврупоии Таҳсилот ҳамкорӣ дошта, лоиҳаҳои гуногунро амалӣ менамоянд. Кормандони марказ дар семинару чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, таҷриба  меомӯзанд ва донишу малакаи касбии худро такмил медиҳанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Дур суратҳо: лаҳзаҳои касбомӯзӣ дар сехи дӯзандагӣ ва гурӯҳи омӯзиши компютер.

Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ