Бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 7- солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзҳои 7-8 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт семинар- машварати ҷумҳуриявӣ доир гашт. Дар он кормандони масъули соҳа ва раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок доштанд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Саидумрон Абдураҳмонзода семинар- машваратро ҳусни оғоз бахшида, минҷумла гуфт, ки Рашт яке аз калонтарин ноҳияҳои минтақаи Рашт ба ҳисоб рафта, дар он беш аз 114 ҳазор нафар зиндагӣ доранд.
Давоми ҳафт соли қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия 1526 хатнасур, 3330 хатнасури хайриявӣ, 6621 тӯйи домодию арӯсӣ, 78 тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ ва дигар маъракаҳо гузаронида шуд, ки дар онҳо 4493 чорвои калони шохдор ва 4878 чорвои хурд забҳ гардид.
Хароҷоти кам дар гузаронидани маъракаҳо имкон фароҳам овард, ки мардум пасандози худро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ сарф намоянд. Давоми ҳафт сол дар ноҳияи Рашт 10983 маъракаҳои гуногун гузаронида шудааст, ки маблағи умумии он 23 миллиону 272 ҳазору 977 сомониро ташкил дода, ба ҳар маърака ба ҳисоби миёна 2119 сомонӣ рост меояд. То қабули қонуни мазкур хароҷоти як маърака 8750 сомониро ташкил медод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои қонуни мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешад. Комиссияҳои ноҳиявӣ, назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, ки шумораи онҳо 114 ададро ташкил медиҳанд, аз рӯйи нақшаи муайян бо мардум вохӯрӣ гузаронида, мазмуну моҳияти қонунро ба онҳо мефаҳмонанд. Натиҷаи бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки ҷашну маросимҳо бо риояи талаботи қонун мегузаранд. Мардум хуб дарк намудаанд, ки ин амал танҳо ба манфиати худи онҳост.
Аз 10983 маъракаҳои давоми ҳафт сол барпогашта ҳамагӣ дар 12 ҳолат ба қонуншиканӣ роҳ дода шудааст. Сарфа намудани маблағ аз баргузории маъракаҳо боис гардид, ки мардум мактабу роҳ, масҷиду фароғатгоҳ, бунгоҳи тиббӣ созанду ба дигар амалҳои хайр даст зананд. Бахусус тайи се соли охир иқдомоти мардум дар корҳои ободонию созандагӣ қобили дастгирист. Бо саҳми мардуми ноҳия дар ин муддат 12 мактаб, 92 синфхонаҳои иловагӣ, 13 бунгоҳи тиббӣ, 43 масҷид сохта, даҳҳо киллометр роҳҳои ҳудуди маҳал таъмиру барқарор карда шудаанд. Соли равон бунёди 12 китобхона бо дастгирии мардум дар назар аст.
Яке аз иқдомҳои хайру наҷибе, ки имрӯз мардум ба он таваҷҷуҳ доранд, дастгирии оилаҳои бепарастор ва эҳтиёҷманд мебошад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии мардуми саховатпеша хатнасури 3330 нафар кӯдакон ва тӯйи домодию арӯсии 78 нафар аз оилаҳои бепарастор ва камбизоат гузаронида шудааст.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар суханрониаш зикр намуд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳафт сол сипарӣ шуд. Вақт ҳамчун довари бузург бори дигар собит сохт, ки иқдоми Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба танзими ҷашну маъракаҳо тавассути қонун саривақтӣ буд. Қонун ба ислоҳоти ҳаёти иҷтимоӣ ва тағйирёбии тафаккури миллӣ замина гузошт.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тамоми меъёрҳои қонун ба зиндагии мо роҳ ёфта, баҳри ба низом даровардани маъракаҳо ва озод шудани шаҳрвандон аз хурофот мусоидат намудаанд. Айни замон кормандони 72 шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дини шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, 499 комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва 7869 комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассиса, корхона ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ фаъолияташонро дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурда истодаанд.
Корҳои ба анҷомрасонидаи масъулин ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар риояи талаботи қонуни мазкур аз чанд ҷиҳат ба ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кишвар таъсири мусбӣ расонд:
1.Қонуни мазкур, қабл аз ҳама, шароити мусоиди баргузории маъракаҳои хурсандиро фароҳам овард, дар як муддати кӯтоҳ тӯйҳои домодию арӯсӣ ду маротиба афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабаби надоштани шароити молиявӣ хонадор шуда наметавонистанд, оила барпо намуданд. Агар соли 2005 аз қайди никоҳи давлатӣ 52280 нафар гузашта бошанд, пас соли 2013 ин теъдод 97 442 нафарро ташкил медиҳад.
2.Дастоварди дигари қонун дар он ифода меёбад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ тавонист аз манфиати мардуми кишвар ҳимоя намуда, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳо мусоидат намояд. Дар ин замина давоми шаш соли амали қонун пасандозҳои мардум дар бонкҳо беш аз 20 баробар афзоиш ёфта, анъанаи гирифтани қарз ба хотири баргузории тӯю маросимҳо қариб аз байн рафт. Аз ин ҳисоб шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, ободу зебо гардондани манзилҳои истиқоматӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба тарбияи фарзандон диққати бештар диҳанд. Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон пасандози шахсони воқеӣ дар бонкҳо 3807,5 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 602,0 миллион сомонӣ ё худ 18,8 фоиз афзудааст.
3.Дар афзоиши музди меҳнат, нафақа, пасандозҳо ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 35,6 фоиз соли 2013 баробари дигар омилҳо нақши қонун эҳсос мешавад.
4. Дастоварди бузург ва асосии қонун озод намудани шаҳрвандон аз маъракаҳои хурофотӣ аст. Қисми зиёди маъракаҳои нолозим аз байн рафта, қисмати дигар ба низоми муайян дароварда шуд.
5.Дастоварди дигари қонун сарфаю сариштакорӣ ва ҳимояи дороии мардум мебошад. Бо аз байн рафтани маъракаи ҷумъагӣ ва дар доираи маҳдуд таҷлил гардидани зодрӯз беш аз 4 миллиарду 532 миллиону 115 ҳазор сомонӣ ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ сарфа гардид. Агар маблағҳои аз чор маъракаи асосӣ (хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол) сарфагардидаро дар давраи амали қонун ба ин ҳисоб зам намоем беш аз 10 миллиарду 400 миллиону 310 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Агар ба болои ин маблағ сарфа аз маъракаҳои манъшудаи фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, маросимҳои саритахта, себегоҳина ва ба низом даровардани маъракаҳои домодталбон, арӯсбинон, гаҳворабандон, чиллагурезонро зам намоем, дар чунин сурат маблағҳои сарфнамудаи аҳолӣ ба маротиб афзун хоҳад шуд.
6.Кам шудани забҳи чорво, қариб бетағйир мондани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ -гӯшт, равған ва сабзавот дар давоми солҳои 2007-2014. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки баъди қабули қонун забҳи чорвои калон кам гардида, забҳи чорвои хурд каме афзоиш ёфтааст. Ин раванд далолат ба он дорад, ки маъракаҳо камхарҷ гардида, зарурати забҳи чорвои калон кам шуда истодааст.
7.Дастоварди дигари қонун дар он ифода меёбад, ки мо имкон пайдо намудем яке аз рукнҳои муҳими ҷомеа — анъана ва ҷашну маросимҳоро ба ҳисоби оморӣ гирифта, рафти афзоиш ва пастшавии онҳоро зери назорат қарор диҳем.
8.Татбиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти андозбандии ҳофизон, тарабхонаҳо ва наворбардорон ба ғановати Буҷети давлатӣ мусоидат кард. Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар шаш соли охир маблағи ин намудҳои андоз беш аз 11 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил карда, ҷарима аз қонуншиканиҳо тахминан ба 4 миллион сомонӣ мерасад.
9. Танҳо дар панҷ соли охир хатнасури 60 ҳазору 585 нафар кӯдакон ва тӯйи домодию арӯсии 3535 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои камбизоат тариқи дастаҷамъӣ бо дастгирии соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ барпо гардид. Бо шарофати ин иқдоми хайр, 67 ҳазору 655 оила аз хароҷоти баргузории маърака озод гардиданд.
Абдураҳим Холиқзода дар фарҷом аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки талаботи қонунро дар баъзе маҳалҳо пурра риоя намекунанд. Ҳанӯз ҳам дар баргузории тӯйи домодиву арусӣ ба харҷи зиёдатӣ роҳ медиҳанд. Маъракаи чойгаштакро қонун манъ карда бошад ҳам, аммо бо ҳар роҳу восита, чунончӣ бо номи хатнасур онро доир менамоянд. Дар маросими дафну азодорӣ ҳанӯз ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд.
Бо қабули қонуни мазкур ҷашну маросимҳо танзим шуда бошанд ҳам, аммо баъзан маъракаҳои нав зуҳур карда истодаанд.
Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Одинашоҳ табрикоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷаббориро қироат намуд. Ҳамзамон номбурда зикр кард, ки баъди ҳашт соли фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ дар назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули қонуни мазкур ба миён омад.
Қабули қонуни мазкур, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, хеле муҳиму саривақтист.
Баробари пешравиҳо камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо талаботи моддаи 5-уми қонуни мазкурро пурра риоя намекунанд. Аз соли 2010 то ҳол тағйиру иловаҳо ба комиссияҳои доимии маҳаллӣ ворид карда нашудааст.
Аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд ба роҳ монанд. Мушоҳида мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо аъзои комиссияҳои доимӣ ва масъулини комиссияҳои ҷамъиятӣ бетафовутӣ зоҳир менамоянд.
Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодирзода Саидмукаррам зикр кард, ки харҷу сарф ва ба эътидолу низом даровардани он мутобиқ ба таълимоти дини мубини ислом аст.
Қабули ин қонун собит сохт, ки барои давлату миллат манфиати бештаре овардааст. Ба мардум шароит ва имконият фароҳам овард, ки аз рӯйи хираду ақл амал намоянд. Маъракаву ҷашну маросимро сарфакорона доир кунанд ва маблағи сарфашударо ба дигар эҳтиёҷу зарурати худ сарф намоянд.
Дар семинар-машварат мудирони шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шоҳтолиб Шоҳқосимов, вилояти Хатлон Сафарбек Шарифов, вилояти Суғд Абдулҳаким Шарифов ва чанде дигарон аз таҷрибаи кори худ сухан ронданд.
Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён муроҷиатнома қабул карда шуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир М. РИЗВОНОВ