Дар марҳилаи рушди соҳаи кишоварзӣ нақши хоҷагиҳои деҳқонӣ равшан ба назар мерасад. Ислоҳоте, ки таври густурда дар ҷумҳурӣ амалӣ гардид, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст.Бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани соҳа ба тасвиб расидани қонуни нав муҳиму саривақтист. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» имкон фароҳам овардааст, ки деҳқонон бо ташаббусҳои наву муфид ва натиҷабахши худ ба ин рушди соҳа такони тоза бахшанд.
Хоҷагии деҳқонӣ- истеҳсолии зотпарварии «Дилшод Б»-и ноҳияи Варзоб соли 1996 дар заминаи хоҷагии давлатии «Ҳамид» ташкил гардидааст. Хоҷагӣ барои тайёр кардани маҳсулоти кишоварзӣ ва парвариши чорвои майда махсус гардонида шудааст. Дар солҳои аввали корӣ дар хоҷагии мазкур камбудиҳои зиёд ба назар мерасиданд. Солҳои бесарусомонӣ тамоми системаҳои ирригатсионӣ корношоям гардида, заминҳои хоҷагӣ аз набудани об танқисӣ мекашиданд. Ба ин нигоҳ накарда, масъулони хоҷагии мазкур умед ба фардо доштанд ва барои беҳбудии фаъолият ҷаҳду талош менамуданд. Роҳбари хоҷагии фавқуззикр Иброҳим Бобокалонов бо дарки масъулият истифодаи заминҳои солҳои зиёд аз кишт бозмондаро ҳадафи хеш қарор дод. Аз рӯзҳое, ки хоҷагии мазкур баҳри афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани саршумори чорво, мустаҳкам кардани базаи моддӣ-техникӣ, беҳбудии вазъи иҷтимоии заҳматкашон аввалин қадамҳояшро мегузошт, 18 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат хоҷагӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро шаш баробар ва саршумори чорворо 2,1 баробар зиёд намуд. Маъмурияти хоҷагӣ заминҳои мавзеи Сайёди ноҳияи Қубодиёнро мавриди истифода қарор дода, барои обёрӣ намудани он таври иловагӣ ду пойгоҳи обкаширо насб намуд. Барои барқарор намудани чарогоҳҳо дар мавзеи Морсулати ноҳияи Қубодиён, дар доираи Барномаи «Рушди деҳот» дар майдони 12 гектар саксаул кишт намуданд, ки ин навъи хӯрока барои чорво дар фасли зимистон хеле муфид аст. Дар нақша аст, ки оянда масоҳати он зиёд карда шуда, ба ин васила чорво дар давраи зимистонгузаронӣ бо хӯрока таъмин гардад. Заминҳои корам ва чарогоҳҳои зимистонаи хоҷагӣ асосан дар минтақаи Сайёд ҷойгир буда, ба заминҳои ноҳияи Қубодиён шомил мебошад. Қаблан ин заминҳо солҳои дароз ба ғайр аз чаронидани чорво бо мақсади дигар истифода намешуд. Хоҷагӣ дар ин чарогоҳҳо боғҳои нав бунёд карда, ҳар сол аз ҳисоби даромади худ корҳои зиёди хайриявӣ ва ободониро амалӣ мегардонад. Бо маблағи 135 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Косатароши болои ноҳияи Варзоб таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани мактаби дуошёна далели ин гуфта мебошад.
Хоҷагӣ ҳамкории худро бо муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла ҶСК «Агроинвестбонк»,ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва Ташкилоти хурди қарзии «Имон Интернейшнл» хуб ба роҳ мондааст. Дар ин замина техникаҳои хоҷагиро нав карда, ду адад трактори тамғаи МТЗ, плуг ва сеялка харидорӣ намуданд.
Сарвари хоҷагӣ Иброҳим Бобокалонов муътақид аст, ки аҳли заҳмат фаъолияташонро минбаъд низ дар сатҳи хуб ва бо сифати баланд амалӣ менамоянд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»