Дар ноҳияи Рашт баҳри татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2025» тибқи қарори раиси ноҳия «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2025» қабул гардид.
Аз хусуси иҷрои он бо муовини якуми раиси ноҳия Зарина Идизода суҳбат доштем. Вай зикр кард, ки дар доираи иҷрои барнома амфитеатр дар боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳраки Ғарм дорои 480 ҷойи нишаст ва осорхона дар шаҳраки Ғарм ба истифода дода шуд. Майдони назди даромадгоҳи боғ бозсозӣ гардида, таваққуфгоҳи мошинҳои сабукрав сохта шуд. Низоми таъминоти қувваи барқ азнавсозӣ шуд, ки он шабона ба ҳусни боғ ҳусни нав зам мекунад. Ҳавзи шиноварии боғ низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Ба нақшаи чорабиниҳои татбиқи барнома 55 банд дохил гардида, бояд 2 миллиону 407 ҳазору 750 сомонӣ, аз ҷумла 1710100 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ва 698650 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон харҷ шавад.
Соли 2019 бахши фарҳанг бобати бой гардондани фонди гардиши китобхонаҳо корҳои хуб ба анҷом расонд. Аз он қаноатмандӣ шуд, ки дар доираи чорабиниҳои марбут ба «Корвони китоб» барои китобхонаҳои ноҳия аз ҳисоби Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 620 нусха, Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот — 776, Муассисаи давлатии Агентии миллии «Хонаи китоби Тоҷикистон» — 360 ва аз ҳисоби фарзандони Ҳоҷӣ Умари Истаравшанӣ 275 нусха адабиёти гуногун ворид гардиданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону аҳолӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаҳои деҳаҳои Ярхаби деҳоти «Ҳиҷборак», Шулмаки деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода, Навдонаки деҳоти «Қалъаи сурх» ва Қазноқи деҳоти ба номи Нусратулло Махсум мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Тибқи барнома, дар деҳаҳои Мулло-Бадал, Дуоба, Шулмак, Деҳқонобод, Шулонак, Кочон, Шархо, Булқос, Мулло-Барот, Ярхич ва Ҳисорак бунёди китобхонаҳо, дар шаҳраки Навобод — қасри фарҳанг ва маркази деҳоти «Ҳоит», ба номи Боқӣ Раҳимзода, «Аскалон», «Ҳиҷборак» — хонаҳои фарҳанг ва дар шаҳраки Ғарм бунёди осорхона дар назар аст.
- Татбиқи самаранокии фаъолияти онҳо, таъмири ҷараёни рушди устувори соҳа ва барнома, пеш аз ҳама, ба касбияти кадрҳо вобаста аст. Кормандони дорои маълумоти миёнаи умумӣ аз уҳдаи таҳлили вазъи иҷтимоӣ фарҳангии маҳалли хизматрасонӣ, тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг, кор бо технологияи муосири иттилоотӣ, ҷалби аҳолӣ бо маҳфилҳои гуногуни шавқовар, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ баромада наметавонанд. Чунин вазъият ба завқи зебописандии аҳолӣ ва мавқеи иҷтимоии муассисаҳои фарҳангии ноҳия таъсири манфӣ мерасонад. Вазъи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи фарҳанг низ ислоҳталаб аст, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Зарина Идизода.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»