Омодагӣ

То ҳол сенарияи сазоворе пешниҳод нашудааст

№143-144 (3128-3129) 12.11.2013

Аз эълони озмун барои сенарияи барномаи театрикунонидаи ҷашни 3000 — солагии Ҳисор шаш моҳ сипарӣ гардид, вале то ҳол, ба истисони рамз ва лоиҳаи муҷассамаи ҷашнӣ, аз ҷониби аҳли эҷод   сенарияи сазоворе ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод нашудааст.

Ин гуфтаҳоро Музаффар Азизов, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ зимни суҳбат бо мо тасдиқ намуда, илова кард, ки пешниҳоди сенарияҳо, ки дар он нависандаҳо, рӯзноманигорон ва аҳли эҷод метавонанд ширкат намоянд, то ҳол ба вазорат ворид нагардидааст.

Озмуни мазкурро якуми майи соли равон Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ эълон намуда буд, ки сенарияҳои вобаста ба ин ҷашн пешниҳодшаванда бояд аз лиҳози мавзуъ ва муҳтаво таърихи 3000 -солагии ин гӯшаи Ватанро таҷассум намоянд. Ҳамзамон корнамоию шуҷоати фарзандони барӯманди тоҷик, дастовардҳои даврони истиқлолият ва ояндаи дурахшони халқу кишварро тараннум намуда, дорои тахаюл ва бадеияти баланд бошад.

Дар робита ба ин озмун, ки барои эҷодкорон пешниҳод шуда буд, чанде пеш вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ низ дар яке аз нишастҳои матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори  «Садои мардум»  чунин изҳор дошт: «То кунун ба озмун рамз ва лоиҳаи муҷассамаи 3000- солагии Ҳисор пешниҳодҳо сурат гирифтанд ва он дар Кумитаи тадорукоти ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сипас, бо пешниҳод ва иловаҳо барои аз нав кор карда баромадани лоиҳаҳои таҳияшуда ба шахсони масъул бозпас гардонида шуданд».

Дар ҳар сурат корҳои омодагӣ дар самти ҷоннок намудани чорабинии ҷашнӣ идома дорад.Охирҳои моҳи октябри соли равон зимни баргузории машварати корӣ бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот доир ба омодагӣ ва таҷлили ин ҷашн, аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор Президенти кишвар зикр намуд, ки ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст. Сипас,  иттилоъ дода шуд, ки барои таҳти васояти ЮНЕСКО таҷлил намудани ҷашни ин гӯшаи таърихию фарҳангӣ ба ин созмон дархости Ҳукумати кишвар фиристода шудааст.

Дар робита 5 ноябри соли 2013 дар шаҳри Парижи Франсия дар қароргоҳи ЮНЕСКО ифтитоҳи 37-умин иҷлосияи Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, ки то 20 ноябри соли равон идома меёбад, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва дигар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ширкат доранд. Қарор аст, ки дар ин ҷаласа масъалаҳои воридсозии ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ  ба феҳристи ҷашнҳои бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлилшаванда баррасӣ шаванд.

Моҳи августи соли ҷорӣ мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова зимни як сафари кориаш ба Тоҷикистон аз Қалъаи Ҳисор дидан намуда, ҳангоми ошноӣ ба лоиҳа ва барномаи ҷашнии 3000 — солагии Ҳисор гуфт, ки ин ҷашн ба Феҳристи ҷашнии соли 2015-и ЮНЕСКО ворид мегардад. Ӯ бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки давоми 20 соли ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, татбиқ мешавад.

Ба ин масъала масъулин диққати ҷиддӣ дода истодаанд. Як зумра роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор ва ҳамчунин роҳбарони сохторҳои масъули ҷумҳуриявӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қавл доданд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашнвора тамоми имкону захираҳои мавҷударо истифода мебаранд.

Зимнан масъулони бахши фарҳанги ноҳия ба хотири муаррифии як зумра шахсиятҳо ва ёдгориҳоии таърихиву фарҳангии Ҳисор дар садади нашри чанд китоб мебошанд. Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи таҳияи «Энсиклопедияи Ҳисор» Султонмурод Одинаев, китоби «Энсиклопедия ва ё Қобусномаи Ҳисор»  рӯи кор аст ва дар арафаи ҷашн чоп мешавад. Инчунин, китоби «Ёдгориҳои таърихии водии Ҳисор» аз ҷониби олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ омодаи чоп мебошад.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор, феълан бунёди сохтмонҳои ҷашнӣ дар асоси нақша пеш меравад. Аз ҷумла корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи варзишӣ барои 20 000 ҷойи нишаст,  литсей-интернати президентӣ барои  хонандагони  болаёқат, боғи  фарҳангу  фароғат,  қасри  фарҳанг барои 700 ҷойи нишаст,  мактаби замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 нафар хонанда, чойхонаи  миллӣ  дар  ҳудуди  шаҳраки  Ҳисор  идома дорад. Ҳамзамон кори таъмиру таҷдид дар Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Ҳисор давом дорад. Чанде пеш дар чорчӯбаи барномаи Хазинаи сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ  барои барқарорсозии осорхонаи Ҳисор, ки бинои пештараи Мадрасаи Куҳна мебошад, маблағ ҷудо гардид. Сафорати мазкур барои таъмири девору боми мадраса, таъмини таҷҳизоти  ҳозиразамон ва таҳияи маводи маълумотиву тарғиботӣ, ки барои таҷлили 3000 -солагии ин минтақа истифода бурда мешавад, ҳудуди 72 ҳазору 300 доллари ИМА маблағи грантӣ пешниҳод кард.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»