Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

Чанде пеш дар кишвари азизамон  санаи таърихӣ ва ифтихорӣ- Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана таҷлил гардид. «Ҳаводиси фоҷиабору харобиовари охири асри гузашта моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои эмин нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем»- таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  зимни табрикоти телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Ин нукта ба ҳар як нафари аҳли ҷомеаи кишвар дахл дорад ва ҳамаи мо бояд дар таъмини амнияти кишар ва пешрафту шукуфоии он саҳмгузор бошем. Дар ин робита таъсири олимону адибон, аҳли фарҳанг, намояндагони дин ва ғайра ба ҷомеа назаррас аст.  Инак, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот орояд. Дар арафаи ин мулоқот аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум» бо намояндагони ходимони дин, масъулони бахшҳои робита бо ҷомеа суҳбатҳо анҷом дода, маводҳои омодашударо манзури хонандагон мегардонанд.

 

Домулло Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Қаротегинӣ маъруф ба домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ аз ҷумлаи рӯҳониёни маълуму машҳури кишвар ва берун аз он дониста мешавад. Вай аз шогирдон ва пайравони қорӣ Мавлавии ҳиндустонӣ, ки  мактаби махсуси таълимӣ дошт, ба ҳисоб меравад. Ин мактаб дорои барномаи гуногуни таълимии динӣ буда, толибилмон дар як вақт аз чанд фан дарс меомӯхтанд.

Домулло Ҳикматуллоҳ давоми солҳои таълим гирифтан ба мартабаи баланд расида, мактаби худро барои толибилмон ихтисос додааст. Ҳамзамон муаллифи чандин китоб мебошад, ки мавзуъҳои таълими динӣ, ахлоқу одоб, тарбия ва касбомӯзии ҷавонон, ваҳдату осоиши ҷомеаро фаро гирифтаанд.

Имрӯзҳо ӯро дар мартабаи Мавлавӣ меҳисобанд, аммо ҳанӯз ҳам худро як шогирди Мавлавӣ меҳисобад.

Атрофи масоили таълиму тарбия, ахлоқи ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ суҳбате доштем бо домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ.

 

-Уламои динӣ дар асарҳои худ дар тариқати  ислом чӣ гуна амал карданро таълим додаанд. Рафтору аъмоли худи онҳо низ намунаи ибрат, шоистаи дастгирист. Аммо вақтҳои охир амалҳое зуҳур кардаанд, ки боиси ихтилоф миёни мардум мешаванд. Сабаб дар чист?

-Зоҳиран инро донистан намешавад, аммо дар ҳадиси ҷаноби Пайғамбар (с) омада, ки  ахири вақт ҷаҳл, нодонӣ ошкор ва фитнаҳо бисёр  мешавад. Ба ҳадде мерасад, ки ду нафар дар як қабила ихтилоф мекунанд, касе  ёфт намешавад, ки онро рафъ гардонад. Ҳоло чунин ҳол омадааст.

Асли амали шаръӣ дар китобҳои қадим ошкор баён шуда бошад ҳам, гуфтугӯйи ҳозира ба ҳар гуна даъвои беасос зуҳур мекунанд. Бо таассуф, таълими аслӣ, роҳҳои тақво чӣ тавре пештар буд, дигаргун шуда истодааст. Бо ҳамин сабаб чунин ихтилоф пайдо шудааст. Ин ҳама  худраъйиву худфикрист. Дар ин радиф, пайравии гузаштагонро кам назар мекунанд. Ба китобҳои аслии таълимӣ эътибор диҳанд, шояд ихтилоф камтар шавад. Худо худаш инояту ҳидоят кунад.

-Пайдо шудани равия, ҷараёни нав, ки аксари он аз хориҷа ворид мешавад ва нашри адабиёти гуногуни динӣ дар дохили кишвар низ аз омилҳои ихтилоф шуда метавонанд?

-Ҳоло китобҳои таълимии динӣ хеле зиёд нашр  мешаванд, ки  саҳеҳ ё носаҳеҳии онро фарқ кардан хеле мушкил аст. Маълум, ки теъдоди онҳо меафзояд. Агар дар ҳар як нусхаи навпайдо як ғалат роҳ ёбад, чӣ қадар мешавад?

Ин ба масъулияти муаллифони китоб вобаста аст, дақиқ санҷанд, ки ба ақидаи динӣ мувофиқ аст ё не. Илова бар ин, чопи китобҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор назорат шавад.

Таълими дини  анъанавӣ, ки дар мазҳаби Имоми Аъзам солҳои зиёд ба як мактаби қавӣ табдил ёфтааст, заминаи муътамад ба ҳисоб меравад. Хондани Фарзи айни аслӣ, Чаҳоркитоби аслӣ, Қуръони Маҷид, ҳадисҳои саҳеҳи Бухорӣ ва ғайраҳоро таълим диҳем, беҳтар аст. Таълимоти ахлоқӣ ва эътиқодӣ мувофиқи таълим ва равиши Имоми Аъзам (р) хубтар шавад, то ҷавонон аз асли эътиқод ва равиши пок огаҳӣ дошта бошанд ва ба масоили хилоф ва ҷудоии навпайдо назар  наоранд. Пеши роҳи дигар равияҳоро низ  гирифтан лозим аст. Бисёрии онҳо ба ҷуз аз низоъ ва ихтилоф ба аҳли ислом  чизе дода наметавонад. Ба мисоли салафия. Салафия гурӯҳеанд навпайдо, таърихи асл надоранд. Мақсади онҳо ном ё шуҳрат ё ғайри он мебошад. Масоили ихтилофро гирифта, дар байни мардумон худро намудор  мекунанд. Гуфтугӯйи онҳо ҳама самоӣ буда, аз илми китоб ва суннат чизе намедонанд. Толибилмон ва навҷавононро аз фиреби онҳо барҳазар  бояд кард. Чунки онҳо худро салафӣ, яъне пайрави салаф мехонанд, аммо равиши онҳо худраъйӣ буда,  мардумро  мефиребанд.

-Атрофи маросимҳо ихтилофи назар ҳаст. Бисёриҳо тарафдори баргузории он буда, гурӯҳе муқобил мебошанд. Мегуфтед, ки иҷрои маросимҳо фарз ҳаст ё суннат?

-Инро фарз ё суннат гуфта намешавад. Ҳар як қавм ё гурӯҳ ҳолате дорад, ки садақа медиҳад. Инро фарз, воҷиб ё суннат гуфта намешавад.

Дар шароити мо ҳамин қадар аст, ки «фи дуъоа-ал аҳёа-ал амвота ва садақотаҳум ъанҳум нафъа ал-ҳам».

Аз оёт ва аҳодиси саҳеҳ исбот намуда ва гуфтаанд, ки ҳар чӣ амал мекунанд зиндагон аз барои мурдагон аз дуъо ва садақа ва тиловати Қуръони Маҷид ва тасбеҳ ва таҳлил гуфтан ва савоби онро ба рӯҳи майит бахшидан, дар ҳамаи ин савоб ва манфиати бузург мерасад барои фавтидагон.

Ҳар қавм аз мусалмонон ба навъе аз хайрот ва шакле аз садақот гузаштагони худро ёд мекунад. Пас барои уламо лозим аст, ки барои  иршоди халқаллилоҳ бикӯшанд ва мардумонро аз исрофкорӣ ва ғулув дар аъмол бо маслиҳат боздоранд. Онҳоро ба ақвол ва афъоли Пайғамбар (с) ва  равиши саҳобаи киром (р) роҳбарӣ кунанд ва бигӯянд: агар манзури шумо аз аъмол хайр аст ва расидани савоб барои майит, пас шароити онро риоя кунед.

Аз ҷумла шароити он ки нияти холис барои Худо дошта бошед ва аз касби пок садақа кунед. Имрӯз дар амали баъзе мурдумон исрофкории зиёд дида мешавад. Баъзан русуми хайр ва садақотро ба  маросими тӯй ва намойиш мубаддал медиҳанд. Дар ин маврид риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқи мақсад аст.

-Дар ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст, ки ҳар бидъат залолат асту ҳар аҳли залолат ҷониби нор (оташ) мераванд.

Бидъату залолатро на ҳар кас  мефаҳмад. Фарқияти онро ба мардум чӣ тавр фаҳмонидан мумкин?

-Ҳамон тавре ки дар ҳадиси шариф омадааст, ҳар бидъат залолат аст. Онҳо аз ҳам ҷудо нестанд. Ин ҷо уламо бояд дар такя бо аҳодиси саҳеҳ бидъатро муайян намоянд.

Бахусус ин имрӯз зарурат дорад, зеро баъзеҳо аз асли таълими ислом дур гашта, бо ақидаи худ ҳар амалро бидъат ҳисоб мекунанд. Мувофиқи ҳадиси шариф, ҳеҷ бидъат аз залолат холӣ нест. Холӣ, ки набошад, бояд назар кард, ки залолати он дар куҷост. Масалан, мегӯянд, ки садақа кардан бидъат аст. Ё баъзе касоне, ки аз хориҷи кишвар омадаанд, дуои баъд аз намозро бидъат мегӯянд. Мавлуди  шариф хондан ба ёди Пайғамбарро (с) низ бадъат меҳисобанд.

Дар ин маврид лозим аст муайян кард, ки бо кадом далел онҳо  бидъатанд. Таври мисол, дуъои баъд аз намозро бидъат  мегӯянд. Модом ки бидъат гуфтаанд, бояд исбот кунанд, ки залолати он дар куҷост? Вақте ки исбот карда  натавонанд, маълум мешавад, ки бидъат набудааст.

-Кадом амалҳоро метавон бидъат хонд, то мардум онро донанду аз амали он худдорӣ кунанд?

-Он чӣ дар ақоиди ислом омадаасту пайравӣ кунанд, фарзи суннат аст.  Ба он мухолифат кунанд, бидъат аст. Амалҳои доду гирифт, муомилотро баъзеҳо бидъат мегӯянд, ки нодуруст аст. Пеш аз ҳама лозим аст, ки асли ақида  бояд дуруст карда шавад. «Вал ҳисобу вал мизону вал ҷаннату вал мавт вал сирот». Яъне, ҳисоби рӯзи қиёмат, мизон, ҷазо додан, пули сирот инҳо ҳақ мебошанд. Ҳақ аст гуфта, онро эътиқод кунӣ, суннат аст.

Он чизе, ки амали бад аст, маълум мебошад. Чизе, ки Худованд ва шариати ислом ҳалол фармудааст, ҳалол ва ҳаром фармудааст, ҳаром мебошад. Ба мисли дуд, банг, шаробхӯрию мастигарӣ, беҳудагӣ ҳароманд ва аз онҳо ҳазар бояд кард.

-Дар «Ахлоқи Ҷалолӣ» аз боби сиёсати давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат таълим дода мешавад. Инчунин уламо ва  фузалои аҳли дин низ дар ин боб  назари худро  баён кардаанд. Ҳамкории давлат бо чунин шахсони муътабар, истифодаи неруи зеҳнии онҳо ба манфиати давлату ҷомеа хоҳад буд. Назари шумо дар ин бора чӣ гуна аст?

-Сиёсати давлатдорӣ бошад ҳам, бештар ба ахлоқ вобаста аст. Барои ҳамин «Ахлоқи Ҷалолӣ», китобҳои бузургон, ба мисли шайх Саъдӣ, «Одоби фидоӣ», «Ахлоқ» ва монанди онро бештар мутолиа кардан  манфиат дорад. Дар онҳо асосан сухан аз боби эҳтироми якдигар, итоат, қадршиносии бузургон меравад. Барои давлатдорӣ, ислоҳи ҷомеа аз онҳо истифода бурдан беҳтар аст.

Ин ҳам ба нафъи давлат асту ҳам ҷомеа.  Салоҳи ҷомеа аз салоҳи афрод вобастагӣ дорад. Салоҳи афрод  ҳам ба салоҳи ҷомеа вобаста аст. То ҷое, ки насиҳати бузургон, бахусус ахлоқи динӣ, дигар одати ҳусни хулқу таълим зиёд бошад, ислоҳи ҷомеа осон мегардад. Хусусан таълими динӣ- ахлоқӣ.

Ҳар кас ба амали худаш бояд вобаста бошад,  омадааст дар ҳадиси шариф.

Олим таълим диҳад,  деҳқон деҳқонӣ кунад, сиёсатмадор вазифаи худро ба ҷо орад. Ин барои ислоҳи ҷомеа мебошад. Мақсади давлатдорӣ низ тинҷӣ, осудагӣ ва оромии ҷомеа аст.

-Мехостем суҳбатро атрофи таълиму тарбияи насли наврас, ки имрӯз аз масъалаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб меёбад, идома бахшем. Вобаста ба ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуда, мавриди амал қарор дорад. Аз нигоҳи ислом, дар таълиму тарбияи фарзанд падару модар то чӣ андоза  масъулиятро  бар уҳда доранд?

-Падару модар масъули таълиму тарбияи фарзанд мебошанд. Аз ахлоқи азима ва хисоли маҳмаҳаи ҳаёт хидмати падару модар мебошад. Эҳсони волидайн, некуӣ дар ҳаққи модар ва падар аз  фароизи ислом  ба шумор меравад.

Баракати ҳаёт ва саодати дунё ва ахират дар хидмат ва ризоҷӯйии падар ва модар аст.

Пайғамбар (с) мефармояд: ризои Худованд дар ризоии падару модар аст ва нохушнудии Худованд дар нохушнудии падару модар. Писар низ дар зиммаи падар ҳуқуқе дорад.

Муҳимтари он ба писар номи нек  гузоштан, тарбияти нек ва ахлоқро ба ҷой овардан аст. Яке аз ахлоқи муҳим дар ҳаёт ва муфид барои  шахс ва  ҷамъият касбу амал ва талаби ризқ аз ваҷҳи ҳалол мебошад. Касбу кор аз рӯйи ақл ва шаръ аз ахлоқи  ҳамидаи инсонӣ аст.

Чунончӣ, дар  касб дурустии ҳол ва салоҳи ҷомеа ва ободии мулк ва диёр ва натоиҷи бешумор манзур мебошад, дар бекорӣ ва фориғ хилофи он дида мешавад. Аз ин ҷост, ки ҳазрати Умар (р) мегуфтанд: ман бисёр бад  мебинам ин ки бинам яке шуморо фориғ ва бекор, на дар амали дунё ва на дар амали охират. Ва дар ҳадиси дигар омада: Албатта, Худои таъоло бад мебинад бандаи баттол ва беҳудаистодаро.

Ин муқаррар аст, ки чун мард бекор аст,  фасодии  андеша дар ӯ рӯй медиҳад ва  билохира ба фасодӣ ва табоҳии амал меанҷомад. Бахусус дар ҷавонон, ки чун бекор монанд, ба ҳар гуна  кирдори ношоиста даст мезананд. Чунончӣ, гуфтаанд: ҷавонӣ ба фароғу бахт якҷо шавад, гардад табоҳӣ ҷамъ он ҷо.

Пас ҷавононро ба кор ва амал тарғиб бояд кард. Ба ин мақсад васоили кор ва корхонаҳоро вусъат бояд дод, ҷавонон кор кунанд. Ба меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбият ёбанд, ба ихлос ва муҳаббат ба ватан, ваҳдат ва якҷоя саъй дар ободӣ кунанд.

Аз ин хотир дар таълиму тарбияи ҷавонон ҳама масъулем.

-Чун сухан аз боби таълиму тарбия рафт, мехостем назари шуморо нисбати илму касбомӯзии занону духтарон фаҳмем.

-Талаб кардани илм фариза аст ба ҳама.  Занону духтарон бо гирифтани таълим, аз ҷумла таълими динӣ, иҷозат аст, ки касбу коре дошта бошанд. Ин ба пешбурди зиндагӣ ва рӯзгорашон лозим мешавад.

-Ба роҳу амали нек ҳидоят кардани мардум ва суботи ҷомеа чӣ таманно доред?

-Ба қавли Расули Акрам (с) : «Ман фаррақа файсала мино». Яъне, ҳар касе тафриқаандозӣ мекунад, аз мо нест. Андеша ва  хоҳиши мо ин аст, ки ҳама бародарони мусулмон ҳуқуқи якдигарро  бишносанд, то  мухолифату ҷидол байни қавмият рух надиҳад. Зеро ҳар ихтилофи навпайдо мухолифатро ҷустуҷӯ дорад. Аз ин хотир, пайрави Ҳақ шудан, мардумро ба роҳи нек ҳидоят карданро ҳар фард дарк кунад ва бар уҳдаи худ дошта бошад. Мисли  аҷдодонамон дар ҳама ҳолат ҳамфикру ҳамақида бошем.

Ҳанӯз даврони қадим дар  диёрамон -Мовароуннаҳр ихтилофе вуҷуд надошт ва имрӯз ҳам бояд равиши покро назар кунем, ба  бегонапарастии мазҳабӣ роҳ надиҳем. Яъне, пайрави мазҳаби Имоми Аъзам бошем. Мардуми мо, агар салоҳу дину дунёи худро  мехоста бошанд, бояд, ки ба равиши аҷдодони худ амал кунанд, бо ҷамъият бошанд. Тавре Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Аҳли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст,

Қуввати ҳар  миллат аз ҷамъият аст.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»