Якдигарфаҳмӣ неруи тавоност

№69 (3215) 26.06.2014

Доир ба Ваҳдати миллӣ, ки омили асосии пешравӣ ва дастовардҳои мо дар тамоми соҳаҳост, мардум бо назари нек ва фараҳмандӣ сухан мегӯянд. Дар суҳбат бо мо сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, Корманди шоистаи Тоҷикистон ҳоҷӣ Камол Рафиев вобаста ба ин мавзӯъ бо самимият ибрози андеша намуд.

Тавре ҳоҷӣ Камол Рафиев мегӯяд, пешравии ҷамъияту давлат ба сулҳ ва Ваҳдати миллӣ вобаста мебошад. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон вазъи ҷомеа ва шароити зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Боварӣ ба ояндаи нек қавитар мегардид. Ин натиҷаи панҷ соли талошҳои  шабонарӯзии мардум, ки сарвари он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ба давраи сулҳу Ваҳдат қадами устувор гузоштем.

Замони созандагию бунёдкорӣ оғоз гардид, ки самараи онро дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳуриамон дида метавонем. Аз ҷумла шаҳраки Навобод дар давраи Истиқлолияти давлатӣ обод гардид. Сохтмони иншооти таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ симои шаҳракро дигаргун намуд ва имрӯз низ чунин бунёдкориҳо идома доранд.

Ҳамчун як шаҳрванд, собиқадори меҳнат аз пешравию комёбиҳо ифтихор дорам. Ҳамаи инро самараи заҳмату талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонам, зеро  аз лаҳзаи ба вазифаи Сарвари давлат интихоб шудан мақсаду маромаш ободӣ ва таъмини  сулҳу Ваҳдати миллӣ буд.

Вақт нишон дод, ки қавлу амали Сарвари давлат як аст. Ман соли 2010 тавофи Хонаи Худо карда будам. Пеш аз сафар як дӯстам аз ман пурсид, ки агар вориди он ҷойи муборак шавед, аввалин дуои шумо чист? Дар ҷавоб гуфтам, аввалин дуои ман ин аст, ки Парвардигоро, дар Ватани ман ҳамеша сулҳу салоҳ  пойдор монад. Сарвари мо саломат ва ҳомии ҷомеа бошад. Обруи ва эътибораш дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардад.

-Чунин дуои некро ҳангоми ба ҷо овардани маросими ҳаҷ  кардам. Сулҳу Ваҳдат неъмати бебаҳост. Ба қадри он бояд расем,  — гуфт дар охири суҳбатамон ҳоҷӣ Камол Рафиев.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»