ФАЙЗОБОД. (Маҷид ҲОМИДОВ) Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз кишоварзони ноҳияҳои Ғончӣ ва Айнии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Қумсангиру Қубодиёни вилояти Хатлон дар ноҳияи Файзобод ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ташкил намуданд. Онҳо дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ — картошка, пиёз, сабзӣ, меваю сабзавот ва асалро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешкаши сокинони ин ноҳия карданд.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон