Ибтидо бовар накардам. Бовар накардам, ки ин марди чусту чолок ва серҳаракат 94 сол умр дорад. Бо чеҳраи хандон моро дар назди дарвозаи ҳавлиаш пешвоз гирифт. Хеле ҳалиму меҳрубон буд. Меҳмон буданамонро фаҳмиду ба хонааш даъват намуд.
Амаки Маҳмадшоҳ сари дастархон аз гузаштаву имрӯзи дараи Камаров бо ифтихор хушгӯйӣ мекард. Аз рӯзгори Халифа Ҳасан мегуфту аз ашъори Мавлавӣ Ҳафизи ҷавонмарги камаровӣ пора-пора мехонд. Борҳо бо ҷанговарони солхӯрда суҳбат кардаам ва аксари онҳо бо ифтихор аз корномаҳои ҷангии худ ва ҳамнабардон ҳарф мезаданд. Соатҳои дароз қиссаҳои талху даҳшатзоро ба гӯши мо дарёвор мерехтанд. Аммо амаки Маҳмадшоҳ ба рағми онҳо дар ин боб ҳарф заданро хуш надорад. Ҳоло, ки сар ба домони тафаккур фурӯ бурда буд, чашм аз чеҳраи нуронии ӯ намекандам ва пора-пора рӯзгори ин марди шариф пеши рӯям ҷилвагар мегардид.
Замоне, ки ӯ чашм ба олами ҳастӣ боз кард, дар водии Қаротегин барои барқароркунии Ҳокимияти Шӯравӣ мубориза мерафт. Даврони ноорому хунрезӣ буд. Бачагиаш дар миёни ин шӯру ғавғо мегузашт. Чаҳордаҳ сол дошт, ки падари бузургвораш дунёро падруд гуфт. Маҳмадшоҳ, додаракаш ва ду хоҳари ба қавли кампири Асила «муштипар»- аш ятим монданд. Шароити душвор имконият надод, ки ӯ дар канори модар ва хонаи падарӣ зиндагӣ кунад. Зӯри модари бечора ба нигоҳубини онҳо намерасид. Шахсони дилсӯз Маҳмадшоҳро ба мактаб — интернат бурданд. Бачаи боистеъдод, хушахлоқ ва ҷӯянда буд. Мактаби ҳафтсоларо бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Устодон ба вай тавсия доданд, ки як муддат дар мактаби деҳа ба кори омӯзгорӣ машғул шавад ва баъди таҷриба андӯхтан ба мактабҳои калон ҳуҷҷат супорад. Бо роҳхати шуъбаи маорифи ноҳияи Шулмак ба мактаби деҳаи Бунии Сафиён омад. Оғози соли хониши 1939-40 буд. Аммо фаъолияти меҳнатиаш дер давом накард…
Овозаи ҷанг ба диёри дури онҳо низ расид. Овозаи даҳшатзо. Гуфтанд, ки Германия бо танку тӯпи бешумор ва лашкари аз мӯру малах беш аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кардааст. Ҳар рӯз ҷавонони зиёдро ба комиссариати ҳарбӣ даъват менамуданд.
Охирҳои моҳи декабри соли 1941 ба номи ӯ низ даъватнома омад. Ибтидо муаллимонро ба ҷанг нагирифтанд. Аммо душмани тавоно ба суръати боди сарсар даруни мамлакати паҳновар тохтан дошт. То маркази ИҶШС чанд фарсах роҳ монда буд. Аз деҳаи Сангималикӣ якбора 14 нафар ҷавонони дунёнадидаро даъват карданд. Маҳмадшоҳи омӯзгор низ байни онҳо буд. Ибтидо ба маркази ноҳияи Шулмак рафтанд ва онҳоро ба Комиссариати ҳарбии вилояти Ғарм оварданд.
Аз Ғарм то Сталинобод аскарбачаҳо пиёда рафтанд. Нуҳ рӯз ин масофаро тай карда, ба шаҳр расиданд. Дар Сталинобод бисёр наистоданд. Аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ аскар ғун доштанду баъди даҳ рӯз онҳоро ба шаҳри Алмаато бурданд. Дар ҷойи нав бачаҳоро ба дастаҳо тақсим намуданд ва муддати якуним моҳ шабу рӯз машқ доданд. Тирандозӣ, тарзи партофтани норинҷак ва ҷанги тан ба танро омӯхтанд. Як шаб онҳоро ба қатораҳо савор карданд ва гуфтанд, ки соати ба душман рӯ ба рӯ шудан расид…
Душман дар муқобили аскарони сурх сахт меҷангид. Аз сарзамини ишғолнамудааш баромадан намехост. Аскарони сурх низ то дами охирин меҷангиданд. Ба ғалаба бовар доштанд. Медонистанд, ки ҳақ ба ҷониби эшон аст. Фашистон аз тамоми силоҳ истифода мебурданд. Тайёраҳои бешумор аз осмон ба сарашон бомба мепартофтанд. Замин меларзид, ҳаворо ғубори ғафс мепӯшонд. Як қадам он тарафтар дида намешуд. Аскарони сурх мардона меҷангиданд. Соат ба соат сафи онҳо кам мешуд, аммо барои озод намудани хоки Ватан мардона меҷангиданд. Амаки Маҳмадшоҳ дар ҷангҳо барои озод намудани шаҳрҳои Псков, Велики Луг, Старий Рус, Новгород ва ғайра иштирок кард. Борҳо дар майдони ҷанг захмдор шуд, вале баъди табобат ба корзор бармегашт. Охирҳои моҳи декабри соли 1944 захм ӯро аз по афтонд. Дар госпитали шаҳри Киров ба ҳуш омад. Якуним моҳ дар беморхона хобид. Ҳар рӯз ба ин беморхона садҳо нафарро меоварданд. Яке аз даст маҳрум мешуду дигаре аз пой. Шукр, ки дасту пояш бутун буд. Фақат захми сар ӯро азоб медод. Гоҳе, ки аз ҷо баланд мешуд, пеши чашмонашро пардаи сиёҳ мепӯшонд ва ӯ дигар чизеро дида наметавонист…
Аз бемористон ҷавобаш доданд. Ба назди рафиқони худ рафтан хост, аммо иҷозат надоданд. Гуфтанд, ки ту хизматро адо кардӣ. Ба ақибгоҳ меравӣ. Саломатиат нағз шуд, даъват мекунем. Оғози баҳори соли 1945 ба зодгоҳаш баргашт…
Сари синаашро ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи III, медали «Барои шуҷоат» ва ғайраҳо зеб медоданд.
Кампири Нуринисо писарашро зиндаву саломат дида, аз шодӣ бехуд шуд. Бовар накард. Дасту бозуи ӯро мепалмосиду мегирист. Бӯса ба пешонаи фарзанд мезад ва шукронаи Худовандро мегуфт. Хешу табор ва аҳли деҳаро ба зиёфат даъват кард. Зиёфати шукрона. Аз 14 нафари аз деҳа ба корзоррафта танҳо писари бо нони дари мардум парвардаи ӯ баргашт…
Касби дӯстдоштааш – муаллимиро давом дода натавонист. Асабаш хароб шуда буд. Як даст ва бари рӯяш меларзид. Бо мурури солҳо саломатиаш хуб шуд. Амаки Маҳмадшоҳ чанд муддат дар колхози «Коммуна» дар вазифаҳои гуногун кор кард. Баъд ӯро барои кор ба идораи роҳсозӣ даъват карданд. Дар ин корхона то соли 1981 ба мардуми диёраш хизмат карда, ба нафақа баромад.
Фарзандони хубро тарбия намуд. Барои соҳиби таҳсилот шудани бачаҳо тамоми шароитро фароҳам овард. Акнун онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат мекунанд. Ҳоло ӯ аз фарзандони худ ифтихор мекунад.
-Ана ҳамин тавр, бачаҳои ҷун,- бо овози гиряолуд сукунатро халалдор кард ӯ. –Аз ҷанг дар синаам як захми носур мондааст. Тӯли умри дароз азобам дод. Онро бо худ ба гӯр мебарам.
Аз чордаҳ нафар ҳамдиёрам ҳашт нафар болои дасти ман ҷон доданд. Тӯли се сол он қадар мурда гӯрондам, ки ҳисобаш гум аст. Тоҷику рус, ӯзбеку қазоқ, туркману гурҷӣ… Лекин дар як деҳа ҷасади тифлаконро пайдо кардем. Аз асари бомбаборон пайкарҳои онҳо пора-пора шуда буданд. Кам не, бист-сӣ нафар. Мо дасту пой, сару гардани кӯдаконро ғундоштем. Бачаҳои бегуноҳ қурбони ҷанги хонумонсӯз шуда буданд. Як ҷавонзани он деҳа девона шуда буд. Дасту пойи хунолуди тифлакони бегуноҳро мебӯсид, ба сару рӯяш мемолиду фиғон мекард. То имрӯз ба хобам медарояд. Ӯро мебинам, ки пойи кандаи тифлаке дар даст медаваду нола мекунад. Лаънати Худованд ба ҷангҷӯён, ба фашистони Германия, ки ба куштору хунрезӣ, ба сӯхтани шаҳрҳои бузург даст заданд,- мегӯяд ӯ.
Аз нав сукут меварзад. Ин лаҳза мебинам, ки рӯ ба рӯям як пирамарди фартут, бо қомати шикаста дар як ҳолати аҷиб нишастааст. Мебинам, ки ашки шӯр болои рухсораҳояш мешорад. Фарзандаш Неъмоншоҳ пиёлаи чойро тарафи пирамард дароз мекунад.
-Ба қадри сулҳу амонӣ бирасед, бачаҳои ҷун,- мешунавам овози амаки Маҳмадшоҳро. –Худованд манзили охирати падару модари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фирдавси барин гардонад. Ин ҷавонмард барои бахту саодати мардум ҷонфидоӣ кард. Сулҳу амониро барқарор кард, ба мардум бахту саодат овард… Лекин ҷавонони имрӯз бояд ҳамеша омодаи дифои Ватан бошанд. Аз рӯзгори мо дарси ибрат гиранд. Нагузоранд, ки бадтинате тухми нифоқ кишт кунад. Бедору ҳушёр бошанд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»