Зиндагӣ бо зан зебост

№23 (3169) 08.03.2014

Безимени-1Бузург аст нерую тавоноии зан-модар. Аз меҳру муҳаббате, ки дар чашмони ӯ медурахшад, шӯру шавқе, ки дар қалби нозукаш ба хурӯш меояд, чизе наметавонад муқобили ӯ истодагарӣ кунад.

Зиндагӣ бо зан зебост. Ҳар гармию рӯшание, ки ба мо мерасад, ин ҳама аз лутфу меҳрубонии зан-модар аст, ки гоҳи дасти навозиш ба сари  фарзандон бурдан ва сухани  ширину нозуке гуфтанаш қалбҳои мо лабрези шодию фараҳ мегардад.

Зан-модар баракати хонадон, муъҷизаи зиндагӣ ва кафили ободии ҳаёт мебошад.

Баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ва онҳоро дар вазифаҳои баланди масъул дидан боз як далели  қадршиносӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳост. Имрӯз идораву муассисае нест, ки дар он ҷо саҳми занон ва нақши дастони онҳо набошад.

Ҳалима Зокирова муддати 26 сол аст, ки ҳамчун духтур-гинеколог ба мардум хизмат мерасонад. Ӯ фаъолияти худро аз соли 1988 ба сифати акушер-гинеколог оғоз карда, баъдан аз соли 1992 то соли 1994 дар беморхонаи минтақавии деҳоти ба номи Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор ба ҳайси мудири шуъбаи таваллудхона ва оризаҳои занона фаъолият намудааст. Аз соли 1997 то соли 2011 вазифаи директори Маркази солимӣ-репродуктивии ноҳияи Ҳисорро ба уҳда дошт ва аз соли 2012 инҷониб муовини менеҷери кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Ҳисор оид ба модару кӯдак ва танзими оила (КАТС) мебошад.

Он чӣ ки ба Ҳалима хос аст, ин рафтори хоксорона, меҳрубонӣ нисбати беморон ва хушмуомилагӣ дар кори ӯст. Ин хислатҳои хубу наҷибаш писанди дигарон аст.

Ҳангоме ки оиди фаъолият ва мавқеи занон дар муассисаҳои тиббӣ маводе рӯйи коғаз оварданӣ шудам, бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ва менеҷери беморхонаи марказии ноҳия ҳамсуҳбат шудам, Ҳалима Зокироваро ҳамчун духтури боистеъдод, чашмикордон ва содиқ ба вазифаи хеш муаррифӣ карданд.

Аз суҳбати кӯтоҳе, ки  бо Ҳалима доштем , аён гардид, ки воқеан ӯ як зани дилсӯзу ботаҷриба дар кору вазифа мебошад, ки инро ҳамкорон ва онҳое, ки бо ӯ корафтода буданд, таъкид намуданд.

- Корманди тиб будан ва бо бемор сарукор гирифтан кори саҳлу осон нест. Иҷрои ин вазифа заковат ва ҳушёриро талаб мекунад. Масъулияти ба бемор ёрӣ расонидан ниҳоят ҷиддӣ ва нозук аст. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои тиббии ноҳияи Ҳисор ҷобаҷогузории кадрҳо зери назорат буда, интихобу ба вазифа пешниҳод кардани кормандони ҷавон ва омӯзиши лаёқату истеъдоди онҳо малакаи баланди касбиро тақозо мекунад, — мегӯяд Ҳалима Зокирова.

Афзудани нуфузу эътибори занонро дар ҷомеа Ҳалима Зокирова аз дастгириву таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад, ки имрӯз барои соҳибмаълумот шудану соҳиби вазифа гаштани онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхории зиёд  зоҳир менамояд.

Дар симои занон –кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки масъулияти таъмини сиҳатӣ ва пешгирии бемориҳоро ба уҳда доранд, кулли модаронро ба рӯзи идашон муборакбод мегӯем!

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»