Истиқлолият падидаи тақдирсозе мебошад, ки бо шарофати он халқи тоҷик рӯ ба пешравӣ овард. Ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти идоракунии давлатӣ куллан тағйир ёфт. Баъди пош хӯрдани ИҶШС, солҳои 90-уми асри гузашта, давлатҳои аъзои он пароканда гашта, мустақилият ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои соҳибистиқлол гаштан мекӯшид. Аммо он солҳо дар мамлакати мо ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва якчанд сол давом ёфт. Дар ҳамон солҳои пурошӯб баҳри нигоҳ доштани якпорчагии мамлакат ва сарҷамъ намудани мардуми парешонгашта Давлат кӯшиши зиёд намуд, зеро таъмини осудагии кишвар аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Бо вуҷуди ин, ба тамоми ин мушкилот нигоҳ накарда, 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон кард.
Соли 1992 Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ баргузор гардид, ки дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояи ҳуқуқии мамлакат нақши муҳим бозид. Ин иҷлосия дар таърихи давлатдории тоҷикон бо номи иҷлосияи тақдирсоз сабт шудааст. Дар ин иҷлосия Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист Тоҷикистонро аз ҳолати парокандагӣ раҳо сохта, халқи парешонгашта ва гурезаро сарҷамъ намуда, пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани сиёсати давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намояд. Сарвари ҷавони давлати тоҷикон бо заҳматҳои шоён ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, бесарусомониҳои дохилиро аз байн бурд. Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ин ҳолатро чунин васф намудааст:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Дар ҳақиқат, раҳми Парвардигор омад ва он ҷанги хонумонсӯз бигзашт, вагарна бесарусомонию қатли мардуми бегуноҳ миллати тоҷикро ба нестӣ мерасонд.
Яке аз дастовардҳои асосии Истиқлолият қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки баҳри таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи арзишҳои давлатӣ, манфиати ҷомеа, инчунин ғояи соҳибихтиёрии халқ заминаи ҳуқуқии устувор гузошт.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолият бо зиёда аз 100 давлати ҷаҳон робитаю ҳамкорӣ дошта, ба як давлати рӯ ба инкишоф мубаддал гаштааст. Моро мебояд, ки барои ин неъмати бузург шукргузорӣ намуда, ҳамеша поквиҷдонона аз пайи ободию гул-гулшукуфии Ватан бошем. Ман ҳамчун намояндаи ҷавонон бовар дорам, ки дар якҷоягӣ бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳтироми баланди ватандӯстӣ дар пешравию осудаҳолии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт.
АЗИЗЗОДА Сангалӣ Зафар, донишҷӯйи курси 5-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон