НУРОБОД. ҲАШАРИ УМУМӢ ВА ТАЪМИНИ ТОЗАГӢ ДОИМӢ АСТ

№ 30.08.2024

Сокинони ноҳияи Нуробод натанҳо дар маркази шаҳрак, балки дар тамоми деҳаҳо ба тозагию озодагии кӯчаю маҳалҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд ва талош мекунанд, ки муҳити зисташон тозаю озода бошад. Дар баробари ин, пайваста сарсабзии дарахтон ва буттаю рустаниҳоро нигоҳ медоранд.

Ҳамзамон, бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию ободонӣ ва фароҳам овардани шароити созгор дар ҳудуди ноҳия рӯзҳои истироҳатӣ бо ҷалби кормандони касбу кори гуногун шанбегӣ ва аксияҳои тозагӣ баргузор мешавад.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо тадбирҳои ободонию тозакорӣ гузаронида шуда, кормандони касбу кори гуногун дар он фаъолона ширкат меварзанд. Ин гуна чорабиниҳо таҳти шиори «Тозагӣ — гарави саломатӣ» баргузор мешаванд ва ҳар як сокини ноҳия ба мазмуни ин фармуда хуб сарфаҳм меравад.

 Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»