- Сокинони сарбаланду меҳнатқарини Нуробод нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кор намуда, бо нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободии диёр саҳм мегузоранд, — гуфт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода.
Ин буд, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет дар нуҳ моҳи соли равон 102,0 фоиз таъмин ва 6 018 520 сомонӣ ворид гардид. Кишоварзон низ дилгармона меҳнат намуда, дар 15 гектар боғи нав бунёд карда, 19 гектар боғҳои куҳнаро барқарор намуданд. Инчунин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 128 миллиону 901 ҳазору 300 сомонӣ расид, ки нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2019-ум 1 миллиону 428 ҳазору 700 сомонӣ зиёд мебошад.
Айни замон, аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия корҳои тарғиботӣ дар самти кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун» идома дорад.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва дигар шахсони саховатпеша фазои мусоид фароҳам оварда шуда, иқдомоти онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.
Чунончӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3637,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, бо нархҳои муқоисавӣ 100,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи зикршуда, тибқи нақша, барои сохтмону ободонӣ аз ҳама сарчашма 44 миллиону 413 ҳазору 26 сомонӣ, аз ҷумла, 28 миллиону 966 ҳазору 26 сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун» ба нақша гирифта шуд. Айни ҳол аз ҳисоби муассисаи зикршуда сохтмони мактаби дуошёна барои 640 ҷой, бинои сеошёнаи ташкилоти мададгори мудофиаи ноҳия, марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳрак дар масофаи 1400 метр, сафолакпӯш намудани роҳрави бинои Қасри фарҳанг ҷараён доранд.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори 248 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 171 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар 75 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳоло дар ноҳия 85 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки аз он 20 муассиса таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 19 муассиса таҳсилоти умумии асосӣ ва 47 муассиса таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Ҳамчунин, 43 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла, Беморхонаи маркази ноҳиявӣ, муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 5 маркази саломатии деҳот, 29 бунгоҳи саломатӣ, маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологӣ, дорухонаи давлатӣ ва 10 дорухонаи шахсӣ фаъолият доранд.
Бино ба гуфти Ҳасан Дӯстзода, бо амалӣ гардидани тадбирҳои судбахш тайи солҳои охир сафи занону духтарони кордону ташкилотчӣ дар корҳои сарварию роҳбарӣ зиёд гардид, 19 нафар зан дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият дошта, 16 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 28 нафар сарвари хоҷагиҳои деҳқонӣ, 27 нафар соҳибкор, 119 нафар дар соҳаи маориф ва 198 нафар дар соҳаи тиб мебошанд.
Дар иртибот ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 занони ҳунарманд барои эҳё ва муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ азми қавӣ доранд.
Ҳасан Дӯстзода, инчунин, зикр намуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 36 чорабинӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонону наврасон ва рушди соҳаи варзиш дар ноҳия баргузор гардид.
Гузашта аз ин, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди волейбол, футбол, гӯштини миллӣ, бокс, шашкаю шоҳмот дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Тарбияи насли солиму ҷасур ва ватандӯстӯ хештаншинос яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин, нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро гардид.
- Сокинони сарбаланди Нуробод минбаъд низ бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи хешро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, ободонию созандагӣ, таҳкими сулҳу субот ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳанд кард, — гуфт дар хотима Ҳасан Дӯстзода.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»