Нуробод. Кишти картошка зиёд гардид

№75 (4337) 10.06.2021

ghjДар партави  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2020 майдони кишти картошка дар ноҳияи Нуробод 796 гектар зиёд гардида, дар маҷмӯъ, 1792 гектарро ташкил дод.

Имсол, тибқи нақша, дар заминҳои корами ноҳия, ки 3185 гектарро ташкил медиҳад, 900 гектар картошка, 1127 гектар ғалладона, 250 гектар зироати техникӣ, 165 гектар сабзавот, 730 гектар юнучқа ва 13 гектар хӯроки чорво кишт шуд.

hhhiСокинони он бо шукргузорӣ аз пойдории суботу оромӣ дар кишвар,   саъю талош, неру ва матонатро  баҳри татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, корҳои ободонию созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намудаанд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»