Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бори нахуст бахшида ба Рӯзи Модар мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол миёни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси ноҳияи Нуробод» баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода гуфт, ки ҳадафи чорабинии мазкур рушди соҳаҳои варзиш, ҷалби бештари бонувон ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарзанон ҷиҳати иштирок дар сабқатҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои миллӣ мебояд, то ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиш, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи занону духтарон ва наврасону ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.
Д. МИРЗО,
«Садои мардум»