Дар ноҳияи Нуробод таҳти раёсати раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ҷаласа баргузор гардид.
Муовини якуми раиси ноҳия Маҳмад Шоҳиён доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2024 муфассал ҳисобот дод.
Ҳамчунин, дар маҷлис мушкилоти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, саноату сохтмон баррасӣ шуданд. Зимни баррасии соҳаҳои маорифу тандурустӣ таъмини либоси ягонаи мактабӣ, норасоии кадрҳо, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия, зимистонгузаронӣ, сатҳу сифати хизматрасонӣ мадди назар буданд.
Дар идомаи маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати ободонию бунёдкорӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини сифатноки нақшаи андозҳо, иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025», таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръат, истифодаи самараноки обу замин, таъмири роҳҳо ва беҳсозии вазъи муассисаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро таъкид намуд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»