Ба шарофати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Нуробод имрӯз ба таври шинохтанашаванда обод шудааст.
Раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тақдир дар ин робита чунин иброз дошт:
- Сокинони ганҷофари мо дар доираи ободкориҳо ба муносибати таҷлили ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба анҷом расониданд. Соли ҷорӣ дар ноҳия сохтмон ва азнавсозии иншооти зиёди ҳаётан муҳим аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, мудирияти зериобшавандаи НБО-и «Роғун», вазорату кумитаҳо, сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорону аҳолӣ ба роҳ монда шуд. Аксари ин иншоот ҳоло дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор доранд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, аз қабили Корхонаи маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Нуробод», корхонаи бандубасти равғани растании дорои 2 сех, корхонаи ордистеҳсолкунӣ, корхонаи коркарди сангу шағал, корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Нури нав» ва ҶДММ «Симо-1» дастовардҳои бузурге дар ҷодаи рушди иқтисодиёти ноҳия маҳсуб мешаванд. Айни замон, дар ноҳия ҳафт коргоҳи саноатӣ — сехҳои коркарди шир, маҳсулоти пластикӣ, ду корхонаи хишт ва ду НБО -и хурд фаъолият доранд. Соли гузашта корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми 3,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба солҳои навадуми асри гузашта 3,4 маротиба зиёд аст.
Корхонаи маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Нуробод» тасмим гирифтааст, ки шумораи чорворо дар корхона зиёд намуда, сокинони шаҳрак ва деҳаҳои гирду атрофро бо маҳсулоти ватанӣ пурра таъмин гардонад. Айни ҳол корхона беш аз 50 сар чорвои калони шохдор, 100 сар асп, 400 сар гӯсфанд, 100 оила занбӯри асал ва дар масоҳати як гектар ҳавзи моҳипарварӣ дорад. Ин корхона дар доираи корҳои хайриявӣ ба беморхонаи марказӣ ва мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия ҳар рӯз 20-30-литрӣ шир кумак мерасонад. Маоши кормадони корхона аз 800 то 1000 сомонӣ мебошад. Ҳоло 70 нафар дар ин ҷо бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Ба илова, дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии шуғли аҳолии ноҳия ҳангоми ҷамъоварии хӯроки чорво коргарони мавсимӣ то 10 нафар дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Корхонаи бандубасти равғани растанӣ ба истеҳсоли се намуди равған — равғани пахтаи растанишаванда, равғани пахтаи доғдодашуда ва равғани офтобпараст машғул аст. Иқтидори сехи дуюми бандубасти равған дар як шабонарӯз 10 тонна буда, дар як моҳ то 300 тонна равғанро дар зарфҳои 750 миллиграмма, 1, 3 ва 5 — литра борпеч карда метавонад. Кормандони ин корхона аз 850 то 1500 сомонӣ маош мегиранд.
Корхонаҳои истеҳсоли хишт бо иқтидори 750000 дона хишт, корхонаи ордистеҳсолкунӣ бо иқтидори 50 тонна орд, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ бо фарогирии 18 нафар корманд, 4 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ низ фаъолият доранд.
Айни замон сохтмони 24 иншооти муҳим- биноҳои маъмурии Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ноҳия», дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ, идораи таъмини барқ, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Корхонаи давлатии фаръии обу коррезӣ, муассисаи таълимии деҳаи Кумбаки деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов, муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №30-и деҳаи Калназари деҳоти «Сафедчашма», бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Кафтаргузар, сехи хурди коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ дар деҳаи Лабиҷари деҳоти «Хумдон», маркази савдо-дорухона ва ду мағозаи дуошёна дар шаҳраки Дарбанд ва дигаргунсозии бинои боғчаи бачагона барои 140 ҷой, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Ёфуч аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ, вазорату идораҳо ва соҳибкорон идома дорад.
- Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани ноҳия ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он нақшаҳои зиёд дорем. Ташкил намудани ҳавзи гулмоҳӣ дар мавзеи Каҷбеди деҳоти «Хумдон», сехи коркарди нӯшобаи дулона, хуч ва дигар меваҳо, фермаи бурдоқипарварӣ (зоти голландии грефердӣ), рушди соҳаи картошкапарварӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва сардхонаҳо низ дар назар аст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»