Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 24 августи соли 1990, Эъломияи истиқлолияти ҶумҳурииТоҷикистонро қабул намуд. Эъломия аввалин санадест, ки аз наздик шудани Тоҷикистон ба истиқлолияти воқеӣ дарак медод.
Тибқи Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон «эҳёи миллию мадании халқи тоҷик, анъана ва русумоти неки таърихии онро таъмин намуда, инчунин ба ҳамаи миллатҳои сокини республика ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва инкишофи озодонаи миллию маданиро замонат медиҳад» (моддаи 14).
Ҳамин тариқ, Эъломия, аз як тараф, масъалаҳои истиқлолияти Тоҷикистонро бо дарназардошти хусусиятҳои замон, аз ҷумла мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ муайян намояд, аз ҷониби дигар. замонати як силсила масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро, ки бе онҳо эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ғайриимкон мебошад, эълон кард.
Ибтидои солҳои навадуми асри XX барои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва ҷумҳуриҳои шомили он як давраи ғайричашмдошти инкишофи таърихӣ буд. Воқеаю ҳодисаҳои сиёсӣ чунон босуръат сурат мегирифтанд, ки ҳатто баъзе аз роҳбарони мақоми аввали ин давлатҳо аз онҳо ғофил монданд. Бахусус, ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз нафаси охирини ин давлати абарқудрат дарак медод. Ҷумҳуриҳо барои ба даст овардани истиқлоли комил саъю талош менамуданд. Тоҷикистон низ истисно набуд. Ба ин хотир, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи соли 1990 равшан эҳсос мешуд. Дар Изҳороти Шўрои Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуд, ин андеша чунин ифода ёфтааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта ва кўшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шўрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Изҳороти қабулшуда боис гардид, ки Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори худро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни Изҳороти Шўрои Олиро дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донад.
Рўзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991, тағйиру иловаҳои дахлдор ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба сатҳи меъёрии конститутсионӣ расонида, ба он аз нигоҳи ҳуқуқӣ хусусияти баргаштнопазир дода шуд.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст. Ба даст овардани ин неъмати бузург, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз фароҳам овард».
Имрўз Тоҷикистонро зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон ба расмият мешиносад, ки далели равшани мавқеи баланди байналмилалӣ ёфтани ўст. Акнун аксари кишварҳои дунё робитаи дўстию тиҷоратиро бо Тоҷикистон ба роҳ мондаанд.
Яке аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ қабули Конститутсияи кишвар мебошад, ки дар он шакли идораи давлат, сохт ва хусусиятҳои давлатдорӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳамчунин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба муқаррар карда шуд, ки «Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад». Меъёри мазкур заминаи ҳуқуқӣ барои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти соҳибкорию молиявӣ ва инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, рушди иқтисодиёт мебошад.
Дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низоми ҳуқуқии кишвар низ инкишоф ёфта, омўзишу таҳлилҳои илмӣ дар самти ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи бонкӣ ва сармоягузорӣ ба роҳ монда шуд.
Дар баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки ба роҳ мондани омўзиши ҳуқуқи ҳоҷагидорӣ ва мурофиаи экологӣ, тартиби таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ дар давлати ҳуқуқбунёд ба мақсад мувофик мебошад. Чунки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ривоҷ ёфта, муносибатҳои гуногуни ҳалталабро ба миён меоранд.
Як нукта боиси таваҷҷуҳ аст, ки имрўз Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба ҷавонон такя мекунад, ба онҳо бовар дорад ва ҷавонони кишвар низ бо як эҳсоси баланди ватандўстӣ, худшиносии миллӣ пешгому пешсафи ҷомеа дар соҳаҳои ҳоҷагии халқ мебошанд. Ҷавонони тоҷик, воқеан ҳам, парчамбардорони миллатанд ва фардои дурахшони миллат аз онҳо вобастагӣ дорад.
Ганҷина САИДОВА, донишҷўи соли дуюми факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон